Ҳуқуқи меҳнатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Китоби мазкур ба омӯзиши масъалаҳои ҳуқуқи меҳнат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида шудааст. Дар он меъёрҳои қонунгузории меҳнат ва муносибатҳои байни корманд ва корфармо баррасӣ мегарданд.
Агенти Зеҳнӣ · 17 октябри 2026 · 496 саҳифа
Корфармо инчунин, уҳдадор аст, бо хоҳиши корманд, аз ҷумла ба корманди собиқ, дар бораи кор дар ҳамин ташкилот бо нишон додани ихтисос, дараҷаи касбӣ, вазифа (мансаб), вақти кор ва андозаи музди меҳнати ӯ маълумотнома диҳад.
Собиқаи корӣ ҳамчунин, тибқи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ бо дигар ҳуҷҷатҳо низ тасдиқ шуда метавонад. Масалан, мутобиқи Низомномаи тартиби тасдиқи собиқаи корӣ барои таъйин кардани нафақа, ки бо Қарори Шӯрои Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 январи соли 1994 № 45 тасдиқ шудааст, собиқаи корӣ дар асоси ҳуҷҷатҳои аз ҷои кор, хизмат, таҳсил ё дигар ҷои фаъолият, ё аз ҷониби ташкилотҳои болоӣ, шӯрои директорон, ассотсиатсияҳо, ширкатҳо ва дигар иттиҳодияҳои ихтиёрии корхонаҳо ва ташкилотҳои як система додашуда ва ё дар асоси ҳуҷҷатҳои бойгонӣ, тасдиқ карда мешавад. Ҳангоми набудани ҳуҷҷатҳо дар бораи собиқаи корӣ, он дар асоси нишондоди шоҳидон тасдиқ карда мешавад. Агар ҳуҷҷатҳо дар бораи собиқаи корӣ дар натиҷаи офатҳои табиӣ, садама, фалокати табиӣ ё дигар ҳолатҳои фавқулодда пурра ё қисман нобуд шуда бошанд, собиқаи корӣ аз ҷониби комиссияҳои махсус тасдиқ карда мешавад.
Дар сурати мавҷуд набудани ҳуҷҷатҳо дар бораи собиқаи корӣ ва имконнопазирии гирифтани онҳо бо сабаби пурра барҳам хӯрдани корхонаҳо, муассисаҳо, ташкилот ё мавҷуд набудани маълумоти бойгонӣ, инчунин бо сабабҳои дигар, собиқаи корӣ дар асоси нишондоди ҳадди ақал ду шоҳид, ки дар бораи фаъолияти меҳнатии

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё