Ҳуқуқи меҳнатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Китоби мазкур ба омӯзиши масъалаҳои ҳуқуқи меҳнат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида шудааст. Дар он меъёрҳои қонунгузории меҳнат ва муносибатҳои байни корманд ва корфармо баррасӣ мегарданд.
Агенти Зеҳнӣ · 17 октябри 2026 · 496 саҳифа
Дафтарчаи меҳнатии намунааш муқарраргардида ва дигар ҳуҷҷатҳо оид ба собиқаи кории корманд ҳуҷҷатҳои асосии фаъолияти меҳнатӣ буда, собиқаи меҳнатии кормандро тасдиқ менамоянд. Намуна ва тартиби ҷорӣ кардани дафтарчаи меҳнатӣ, инчунин номгӯйи дигар ҳуҷҷатҳое, ки собиқаи кории кормандро тасдиқ мекунанд, бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12 апрели соли 1999 № 154 тасдиқ шудааст.
Тибқи Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон корфармо уҳдадор аст, ба ҳамаи кормандоне, ки дар ташкилот зиёда аз 5 рӯз кор кардаанд, дафтарчаи меҳнатӣ кушояд. Дар дафтарчаи меҳнатӣ маълумот дар бораи қабул ба кор, ба кори дигари доимӣ гузаронидан бо нишон додани касб (ихтисос), дараҷаи касбӣ, вазифа (мансаб), (мувофиқи санади меъёрие, ки номи касб ва вазифаи кормандро муқаррар менамояд) ва аз кор озод кардани кормандон бо нишон додани асосҳои қатъ шудани шартномаи меҳнатӣ, инчунин дар бораи ҳавасмандгардонӣ ва мукофотонидан барои муваффақиятҳо дар кор қайд карда мешаванд. Дар рӯзи қатъ шудани шартномаи меҳнатӣ, корфармо уҳдадор аст, ки ба корманд дафтарчаи меҳнатӣ ё дигар ҳуҷҷати тасдиқкунандаи фаъолияти меҳриатиашро диҳад. Сабаби аз кор озодшавӣ дар дафтарчаи меҳнатӣ бо нишон додани меъёри дахлдори Кодекси меҳнат ва дигар санадҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон қайд карда мешавад ва дафтарчаи меҳнатӣ дар рӯзи охирини кор ба корманд супорида мешавад. Ҳангоми бо гуноҳи корфармо кашолкорӣ намудан дар супоридани дафтарчаи меҳнатӣ, барои ҳар рӯзи кашолкорӣ ба корманд музди миёнаи меҳнаташ пардохта мешавад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё