Ҳуқуқи меҳнатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Китоби мазкур ба омӯзиши масъалаҳои ҳуқуқи меҳнат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида шудааст. Дар он меъёрҳои қонунгузории меҳнат ва муносибатҳои байни корманд ва корфармо баррасӣ мегарданд.
Агенти Зеҳнӣ · 17 октябри 2026 · 496 саҳифа
8.3. Собиқаи кории бетанаффус
Зери мафҳуми собиқаи кории бетанаффус, давомнокии кори бетанаффус дар як корхона (муассиса, ташкилот) ё дар якчанд корхона фаҳмида мешавад, ба шарте ки танаффус дар собиқаи кор аз муҳлати муқарраркардаи қонун зиёд набошад.
Аҳамияти ҳуқуқии собиқаи кории бетанаффус дар он аст, ки он меъёри асосӣ барои муайян кардани андозаи кӯмакпулӣ барои корношоямии муваққатӣ мебошад, яъне давомнокии собиқаи кории бетанаффус ба андозаи кӯмакпулӣ барои давраи корношоямии муваққатӣ таъсир мерасонад.
Фарқи асосии собиқаи кории бетанаффус аз собиқаи умумии кор дар мазмуни он аст. Ба мазмуни собиқаи кори бетанаффус одатан, танҳо фаъолияти меҳнатӣ дохил карда мешавад. Аммо, дар қонугузорӣ ҳолатҳои истисноии дохил намудани баъзе давраҳо ба собиқаи кории бетанаффус низ, ҷой доранд. Аз ҷумла, мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи вазъи ҳуқуқии хизматчиёни ҳарбӣ" 1 марти соли 2005, №90, вақти хизмати ҳарбӣ ба собиқаи бетанаффуси кор ба ҳисоб гирифта мешавад, агар фосилаи байни рӯзи рухсатшавӣ аз хизмати ҳарбӣ ва рӯзи қабул ба кор (дохилшавӣ ба муассисаи таълимӣ) аз як сол зиёд набошад. Барои собиқадорони амалиёти ҷангӣ, ки уҳдадориҳои хизмати ҳарбиро дар шароити ҳолатҳои фавқулодда ва ҳангоми муноқишаҳои мусаллаҳона иҷро кардаанд ва шаҳрвандоне, ки муҳлати умумии хизмати ҳарбиашон бо ҳисоби имтиёз 20-сол ва

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё