Ҳуқуқи меҳнатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Китоби мазкур ба омӯзиши масъалаҳои ҳуқуқи меҳнат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида шудааст. Дар он меъёрҳои қонунгузории меҳнат ва муносибатҳои байни корманд ва корфармо баррасӣ мегарданд.
Агенти Зеҳнӣ · 17 октябри 2026 · 496 саҳифа
зиёдаро ташкил кунад, новобаста аз муҳлати танаффӯс ба ҳисоб гирифта мешавад.
Тартиби ҳисоб кардани собиқаи кории бетанаффӯс бо Қарори Шӯрои Вазирони ИҶШС аз 13 апрели соли 1973 № 252 муайян карда мешавад.
Омили асосие, ки ба баҳисобгирии собиқаи кории бетанаффӯс таъсир мерасонад, ин асосҳои бекор кардани шартномаи меҳнатӣ бо ташаббуси яке аз тарафҳои он мебошанд.
8.4. Собиқаи суғуртавӣ
Мафҳуми собиқаи суғуртавӣ барои ҳуқуқи таъминоти иҷтимоии давлатҳои пасошӯравӣ, аз ҷумла Ҷумҳурии Тоҷикистон мафҳуми нав аст. Он дар тафовут аз собиқаи корӣ давомнокии фаъолияти меҳнатии шахсро, ки дар ин давра барои ӯ ҳаққи суғуртаи иҷтимоӣ пардохт шудааст, дарбар мегирад. Давраи фаъолияти меҳнатие, ки дар муддати он ҳаққи суғуртаи иҷтимоӣ пардохт нашудааст, ба собиқаи корӣ метавонад, дохил шавад, аммо он ба собиқаи суғуртавӣ дохил карда намешавад, зеро қонунгузорӣ шарти асосии эътирофи собиқаи суғуравиро дар пардохти ҳаққи суғуртаи иҷтимоӣ мебинад.
Тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13.12.1997, № 517 «Дар бораи суғуртаи давлатии иҷтимоӣ», зери мафҳуми «собиқаи суғурта» давомнокии маҷмӯи давраҳои пардохти саҳмияҳои суғурта барои шахси суғурташуда фаҳмида мешавад.
Бо қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи нафақаҳои суғуртавӣ ва давлатӣ» ба қонунгузории нафақа низ истилоҳи «собиқаи суғуртавӣ» ворид гардид,

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё