Зеҳн
Ҳуқуқи меҳнатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Китоби мазкур ба омӯзиши масъалаҳои ҳуқуқи меҳнат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида шудааст. Дар он меъёрҳои қонунгузории меҳнат ва муносибатҳои байни корманд ва корфармо баррасӣ мегарданд.

Агенти Зеҳнӣ · 17 октябри 2026 · 496 саҳифа

ТаҳсилотИқтисодиёт
Аз аввал хондан

ҳуқуқ ба имтиёзҳо ва қафолатҳои иловагӣ вобаста ба корҳои муайян мебошад. Бо назардошти собиқаи махсуси кор, барои давраи кор дар шароити махсуси меҳнат тибқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 декабри соли 2010 №634 «Дар бораи Қоидаҳои тартиби таъминоти нафақавии касбӣ», нафақаҳои касбӣ таъйин карда мешаванд. Ба таъминоти нафақавии касбӣ бошад, шахсоне ҳуқуқ доранд, ки рӯзи пурраи корӣ ба корҳои зеризаминӣ, корҳои дорои шароити махсусан зарарнок ва махсусан вазнин, зарарноку вазнин, инчунин, ба корҳои дорои шароити махсуси меҳнат машғул мебошанд.

Собиқаи кории махсус дар корҳои зеризаминӣ, корҳои дорои шароити махсусан зарарнок ва махсусан вазнин, зарарноку вазнин ба нафақаҳои имтиёзнок аз рӯи синну сол ҳуқуқ медиҳад11. Ҳамчунин, тибқи қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизмати давлатӣ», ҳаҷми маоши вазифавӣ, давомнокии рухсатиҳои меҳнатии пардохтшаванда ва дигар масъалаҳои таъминоти иҷтимоии хизматчиёни давлатӣ, аз собиқаи махсуси корӣ дар хизмати давлатӣ вобастагӣ дорад. Ҳамин гуна, собиқаи махсуси кор тибқи шартнома ва созишномаҳои коллективӣ дар ташкилотҳо барои таъмини қафолатҳои иловагӣ ба кормандон асос мебошанд.

11 Давомнокии собиқаи кории махсус дар чунин корҳо бо Рӯйхати 1 ва 2, ки бо қарори Кабинети Вазирони ИҶШС аз 26 январи соли 1991, №10 тасдиқ шудааст, мушаххас муайян гардидааст.

пешина
аз 496
навбатӣ