Ҳуқуқи меҳнатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Китоби мазкур ба омӯзиши масъалаҳои ҳуқуқи меҳнат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида шудааст. Дар он меъёрҳои қонунгузории меҳнат ва муносибатҳои байни корманд ва корфармо баррасӣ мегарданд.
Агенти Зеҳнӣ · 17 октябри 2026 · 496 саҳифа
ҳолатҳо, давомнокии умумии собиқаи кор ба андозаи нафақа ба таври назаррас таъсир мерасонад.
8.2. Собиқаи махсуси корӣ
Собиқаи махсуси корӣ - давомнокии умумии фаъолияти меҳнатӣ (новобаста аз миқдор ва давомнокии танаффусҳо дар он) дар бахшҳои алоҳидаи иқтисодиёти миллӣ, дар баъзе касбҳо, вазифаҳо ва ҷойҳои муайян, инчунин баъзе намудҳои фаъолияти фоиданоки ҷамъиятӣ мебо- шад.
Собиқаи махсуси корӣ намудҳои маҳдуди фаъолиятҳои барои ҷамъият муфидро дар бар мегирад. Тартиби дохил кардани давраҳои фаъолияти меҳнатӣ ба собиқаи махсуси корӣ бо санадҳои меъёрии ҳуқуқие, ки ҳисоби собиқаи махсуси кориро барои гурӯҳҳои алоҳидаи шаҳрвандон пешбинӣ менамоянд, муқаррар карда мешавад. Масалан, мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи вазъи ҳуқуқии мақоми хизматчиёни ҳарбӣ" 1 марти соли 2005, № 90, муҳлати қарор доштани шаҳрвандон дар хизмати ҳарбӣ бо тартиби ихтиёрӣ, ба собиқаи умумии корӣ ва ба собиқаи кор аз рӯи ихтисоси онҳо аз ҳисоби як рӯзи хизмати ҳарбӣ баробар ба як рӯзи корӣ ҳисобида мешавад, муҳлати қарор доштани шаҳрвандон дар хизмати ҳарбӣ мувофиқи даъват (аз ҷум- ла афсароне, ки ба хизмати ҳарбӣ даъват мешаванд) бошад, - як рӯзи хизмати ҳарбӣ баробар ба ду рӯзи корӣ ҳисоб карда мешавад.
Аҳамияти ҳуқуқии собиқаи махсуси кор аз он иборат аст, ки он далели асосии ҳуқуқӣ барои муайян кардани

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё