Ҳуқуқи меҳнатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Китоби мазкур ба омӯзиши масъалаҳои ҳуқуқи меҳнат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида шудааст. Дар он меъёрҳои қонунгузории меҳнат ва муносибатҳои байни корманд ва корфармо баррасӣ мегарданд.
Агенти Зеҳнӣ · 17 октябри 2026 · 496 саҳифа
-давраи нигоҳубини маъюби гурӯҳи I, кӯдаки маъюби то 16-сола, пиронсолон (агар зарурати нигоҳубини доимӣ бо хулосаи муассисаи тиббӣ муқаррар карда шуда бошад);
-давраи нигоҳубини кӯдаки ноболиғе, ки то синни 18-сола аст;
-давраи нигоҳубини модари бекор барои ҳар як кӯдаки то 3-сола, аз ҷумла 70 рӯз пеш аз таваллуд, аммо на зиёда аз 9 сол;
-давраи ваколати вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
-давраи корношоямии муваққатӣ, ки дар давраи кор оғоз ёфтааст ва маъюбии гурӯҳҳои I ва II дар натиҷаи осеби меҳнатӣ ё бемории касбӣ;
-давраи истиқомати занҳои (ҳамсарони) хизматчиёни ҳарбӣ, ки тибқи қарордод бо шавҳарон (ҳамсарон) дар ҷое, ки бинобар сабаби набудани имкониятҳои бокор- таъминшавӣ аз рӯи ихтисосашон кор кардан имконно- пазир аст;
-давраи боздошти зиёда аз мӯҳлат дар ҳабс ва ҷойҳои нигоҳдории муваққатӣ, ки ҳангоми бозбинии парванда таъйин шудааст;
-давраи пардохти кӯмакпулӣ барои бекорӣ, инчунин давраи гузариш ба ҷои дигар ва кори дигар тибқи роҳха- ти хадамоти шуғл.
Давомнокии умумии ҳамаи ин давраҳо ифодаи со- биқаи умумии кор буда, тибқи он, намудҳои гуногуни нафақа ва кӯмакпулиҳо таъйин карда мешаванд. Дар аксари

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё