Зеҳн
Ҳуқуқи меҳнатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Китоби мазкур ба омӯзиши масъалаҳои ҳуқуқи меҳнат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида шудааст. Дар он меъёрҳои қонунгузории меҳнат ва муносибатҳои байни корманд ва корфармо баррасӣ мегарданд.

Агенти Зеҳнӣ · 17 октябри 2026 · 496 саҳифа

ИқтисодиётТаҳсилот
Аз аввал хондан

Ҳамзамон, зарурати тобеи субъекти муносибатҳои меҳнатӣ (корманд) ба усулҳо ва воситаҳои кор маънои ҳукми корфармо аз болои шахсияти кормандро надошта, он риояи ҳатмии қоидаҳои дохилии меҳнат, талаботи технологӣ ва дигар талаботҳоро дар раванди меҳнати корманд бо мақсади ба даст овардани натиҷаҳои зарурии ниҳоӣ, дар назар дорад. Ҳамин тариқ, тобеияти кормандон аз табиати меҳнати муштарак ва тақсимоти функционалии он бармеояд, ки на идоракунии маъмурӣ, балки ба идоракунии истеҳсолот дахл дорад, зеро кори ҳар як коллективи истеҳсолкунандагон (кормандон) риояи ҳатмии интизоми меҳнатро талаб мекунад.

Ба ибораи дигар, кори якҷояи одамон бидуни риояи қоидаҳои дохилии меҳнат, ки аз ҷониби корфармо муқаррар шудааст, ғайриимкон аст.

  1. Хусусиятҳои вазъи ҳуқуқии иштирокчиёни (субъектҳои) муносибатҳои меҳнатӣ. Ин аломати усул дар муқаррар намудани ҳуқуқ ва уҳдадориҳои субъектҳои муносибатҳои меҳнатӣ зоҳир мешавад. Он аз ба ҳам пайвастани танзими давлатӣ ва танзими шартномавии муносибатҳои меҳнатӣ бо иштироки коллективҳо (кормандон) ва мақомоти намояндагии онҳо дар ташкил ва истифодаи шароити меҳнат тавассути рушди шарикии иҷтимоӣ вобаста аст.

Танзими давлатии муносибатҳои меҳнатӣ дар қабули санадҳои меъёрии ҳуқуқие, ки дар онҳо принсипҳои умумӣ, меъёрҳои ягона ва ҳуқуқу озодиҳои инсон дар меҳнат муқаррар мешаванд ва барои ҳифзи ҳаёт ва

пешина
аз 496
навбатӣ