Ҳуқуқи меҳнатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Китоби мазкур ба омӯзиши масъалаҳои ҳуқуқи меҳнат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида шудааст. Дар он меъёрҳои қонунгузории меҳнат ва муносибатҳои байни корманд ва корфармо баррасӣ мегарданд.
Агенти Зеҳнӣ · 17 октябри 2026 · 496 саҳифа
ИқтисодиётТаҳсилот
Аз аввал хонданпайдоиш ва тағйирёбии муносибатҳои меҳнатӣ ва дар баъзе ҳолатҳо қатъ гардидани онҳо тавсиф мешавад. Муносибатҳои ҳуқуқии меҳнатӣ, чун қоида, аз шартномаи меҳнатӣ, ки дар асоси озодии меҳнат байни корманд ва корфармо баста мешавад, ба миён меоянд. Дар бозори меҳнат онҳо ҳамчун тарафҳои баробарҳуқуқ имконияти ихтиёрӣ ва озодона интихоб намудани шароит ва бастани шартномаи меҳнатиро доранд.
- Хусусияти муқаррар намудани ҳуқуқ ва уҳдадориҳо (дар асоси маҷмӯи танзими давлатӣ, танзими шартномавӣ ва рушди шарикии иҷтимоӣ), дар ягонагӣ ва тафриқаи танзими ҳуқуқии муносибатҳои меҳнатӣ. Он дар махсусияти мавқеи умумии ҳуқуқии субъектҳои муносибатҳои меҳнатӣ зоҳир мешавад. Дар шароити бозори меҳнат субъектҳои баробарҳуқуқ (корманд ва корфармо) метавонанд амал кунанд. Тарафҳои шартномаи меҳнатӣ дар муносибатҳои меҳнатӣ ҳамчун субъектҳои озод ва ҳамчун шахсони воқеӣ бо назардошти манфиатҳояшон ба созиш меоянд ва бо бастани шартномаи меҳнатӣ амал мекунанд. Дар оянда онҳо иштирокчиёни (субъектҳои) муносибатҳои меҳнатӣ мешаванд ва метавонанд баъзе масъалаҳоро бо мувофиқа ҳал кунанд. Аммо, шомил кардани корманд ба ҳайати кормандон ва иҷрои вазифаи меҳнатии ӯ ва иштироки ӯ таҳти роҳбарии маъмурият (роҳбар) дар раванди меҳнати коллективӣ (муштарак) тобеияти кормандро ба қоидаҳои муқарраршудаи дохилии меҳнатӣ талаб мекунад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё