Ҳуқуқи меҳнатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Китоби мазкур ба омӯзиши масъалаҳои ҳуқуқи меҳнат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида шудааст. Дар он меъёрҳои қонунгузории меҳнат ва муносибатҳои байни корманд ва корфармо баррасӣ мегарданд.
Агенти Зеҳнӣ · 17 октябри 2026 · 496 саҳифа
шавад. Бо ташаббуси корфармо тибқи асоси зикршуда бекор намудани чунин шартномаи меҳнатӣ, танҳо дар давраи санҷиш имкон дошта, бекор намудани он аз рӯи ин асос баъди хатми муҳлати санҷиш ғайриқонунӣ ҳисобида мешавад.
Мавриди зикр аст, ки бекор кардани шартномаи меҳнатӣ бо ташаббуси корфармо дар давраи корношоямии муваққатӣ (ба ғайр аз озодкунӣ бинобар сабаби вафоти корманд ва ё корфармо) ва дар давраи дар рухсатӣ ё сафари хизматӣ будани корманд, ба истиснои ҳолатҳои барҳам хӯрдани ташкилот, қатъ шудани фаъолияти корфармо - шахси воқеӣ, роҳ дода намешавад. Яктарафа бекор кардани шартномаи меҳнатӣ аз тарафи корфармо ба истиснои ҳолатҳои пешбининамудаи КМ ҶТ (моддаи 48) манъ аст.
Ҳангоми бекор шудани шартномаи меҳнатӣ бинобар тағйир ёфтани технология, ташкили истеҳсолот ва меҳнат, ки кам шудани ҳаҷми кор боиси ихтисор шудани шумора, воҳиди кории кормандон ё тағйири шароити меҳнат гардидааст, ҳуқуқи афзалиятнок барои дар кор мондан ба кормандоне дода мешавад, ки дорои дараҷаи баландтари ихтисос ва ҳосилнокии меҳнат мебошанд.
Ҳангоми баробар будани тахассус ва самаранокии меҳнат афзалият ба инҳо дода мешавад:
-ба кормандоне, ки ду ва зиёда аъзои оилаи ғайриқобили меҳнат доранд;
-ба шахсоне, ки дар оилааш дигар корманди музди меҳнати мустақилдошта мавҷуд нест;

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё