Зеҳн
Ҳуқуқи меҳнатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Китоби мазкур ба омӯзиши масъалаҳои ҳуқуқи меҳнат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида шудааст. Дар он меъёрҳои қонунгузории меҳнат ва муносибатҳои байни корманд ва корфармо баррасӣ мегарданд.

Агенти Зеҳнӣ · 17 октябри 2026 · 496 саҳифа

ТаҳсилотИқтисодиёт
Аз аввал хондан

кардааст. Аз ин бармеояд, ки дар сурати ошкор гардидани чунин ҳолатҳо, яъне риоя накардани қоидаҳои муқаррарнамудаи қабул ба кор, шартномаи меҳнатӣ метавонад бо ташаббуси корфармо ё аз рӯи асосҳои ба иродаи тарафҳо вобаста набуда бекор карда шавад. Инҷо бояд ба эътибор гирифт, ки агар чунин ҳолатҳо бевосита аз ҷониби худи корфармо ошкор карда шаванд, шартнома метавонад бо ташаббуси корфармо бекор карда шавад. Дар сурати ошкор шудани чунин ҳолатҳо аз ҷониби мақомоти дахлдори давлатӣ (мақомоти назоратии дахлдор) ё суд, шартномаи меҳнатӣ аз рӯи асосҳои ба иродаи тарафҳо вобаста набуда, бекор карда мешавад. Аммо, ба андешаи Н. Шонасридинов риоя накардани қоидаҳои муқаррарнамудаи Кодекси меҳнат ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳангоми қабул намудан ба кор, бояд ҳамчун асос барои новобаста аз иродаи тарафҳо қатъ намудани шартномаи меҳнатӣ арзёбӣ шавад9.

  1. Манфӣ будани натиҷаи кор дар давраи муҳлати
    санҷиш ҳангоми ба кор қабул намудан. Асоси мазкур
    барои бекор намудани шартномаҳои меҳнатие татбиқ
    мегардад, ки бо муҳлати санҷиш баста шудаанд. Манфӣ
    будани натиҷаҳои давраи санҷиш бояд асоснок ва аз рӯи
    шартҳои шартномаи меҳнатӣ муайян ва тасдиқ карда

9 Шонасридинов Н., Бобокалонов Ғ. М., Маҳмадуллозода Н. Р.
Тафсири Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон. Нашри дуюм // Муҳаррири масъул, номзади илмҳои ҳуқуқ, дотсент Н.
Шонасридинов. - Душанбе: Нашриёти ҶДММ «Хирадмандон», 2020.
С. 100.

пешина
аз 496
навбатӣ