Ҳуқуқи меҳнатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Китоби мазкур ба омӯзиши масъалаҳои ҳуқуқи меҳнат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида шудааст. Дар он меъёрҳои қонунгузории меҳнат ва муносибатҳои байни корманд ва корфармо баррасӣ мегарданд.
Агенти Зеҳнӣ · 17 октябри 2026 · 496 саҳифа
-
Аз ҷониби корманде, ки вазифаҳои тарбиявиро иҷро менамояд, содир кардани рафтори бадахлоқона, ки барои давом додани он кор мувофиқ намебошад. Асоси мазкур нисбати он корманоне татбиқ мешавад, ки тибқи шартномаи меҳнатӣ вазифаҳои тарбиявиро иҷро менамоянд. Мисол, омӯзгор, мураббӣ, доя, парастор, устои таълими истеҳсолӣ, роҳбари таҷрибаомӯзон, кормандони иҷтимоӣ ва ғайраҳо.
-
Пешниҳоди маълумоти нодуруст, ҳуҷҷатҳои қалбакӣ ва риоя накардани дигар қоидаҳои муқаррарнамудаи Кодекси меҳнат ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳангоми қабул ба кор. Асоси мазкур барои бекор кардани шартномаи меҳнатӣ дар мавриде татбиқ карда мешавад, ки қалбакӣ будани ҳуҷҷатҳои пешниҳоднамудаи корманд ҳангоми қабул ба кор, бояд бо тартиби муқарраршуда тасдиқ шаванд (мисол, дар асоси хулосаи ташхиси ҳуҷҷатҳои пешниҳодшуда, маълумотномаҳои бойгонӣ, тасдиқномаҳои муассисаҳои таълимӣ ва ташкилотҳо дар хусуси қалбакӣ будани диплом, дафтарчайи меҳнатӣ ва дигар маълумотҳои пешниҳодкардаи корманд, инчунин хулосаи дахлдори криминалистӣ ва қарорҳои судӣ доир ба ин маълумотҳо).
Бояд зикр намуд, ки қонунгузор (моддаи 48 КМ ҶТ) риоя накардани қоидаҳои муқаррарнамудаи қабул ба кор, яъне вайрон кардани қоидаҳои муқаррарнамуда ҳангоми бастани шартномаи меҳнатиро ҳамчун ҳолате, ки барои қатъ намудани шартномаи меҳнатӣ новобаста аз иродаи тарафҳо асос мегардад, низ муқаррар

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё