Зеҳн
Ҳуқуқи меҳнатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Китоби мазкур ба омӯзиши масъалаҳои ҳуқуқи меҳнат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида шудааст. Дар он меъёрҳои қонунгузории меҳнат ва муносибатҳои байни корманд ва корфармо баррасӣ мегарданд.

Агенти Зеҳнӣ · 17 октябри 2026 · 496 саҳифа

ТаҳсилотИқтисодиёт
Аз аввал хондан

чунин ҳолатҳои дуҷоякорӣ асоси бекор намудани
шартномаи меҳнатӣ бо корманд мегардад.

  1. Вайронкунии дағалонаи якдафъаинаи Кодекси меҳнат ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби роҳбари ташкилот (воҳидҳои алоҳидаи он) ва муовини ӯ. Асоси мазкур танҳо нисбати роҳбари ташкилот, муовини ӯ ва ё роҳбарони сохторҳои ташкилот (филиалҳо, сехҳо ва монандӣ он) татбиқ мешавад. Вайронкунии якқаратаи дағалонаи КМ ҶТ ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ аз ҷониби чунин шахсон метавонад дар амал ё беамалии онҳо зоҳир гардад ва он ба ҳуқуқвайронкуниҳои меҳнатӣ ва ё дигар ҳуқуқвайронкуниҳо рафт дошта бошад. Вале, дар ҳама ҳолат он ба уҳдадориҳои меҳнатии ин шахсон, ки тибқи шартномаи меҳнатӣ ва ё қоидаҳои дохилии меҳнатӣ пешбинӣ шудаанд, вобастагӣ дорад. Дар акси ҳол, яъне дар сурати содир намудани ҳуқуқвайронкуние, ки ба вазифаҳои меҳнатии ин шахсон рафт надорад ва аз доираи фаъолияти кориашон дар ташкилот берун аст, наметавонад асоси бекор кардани шартномаи меҳнатӣ бо онҳо бошад.

  2. Аз ҷониби корманде, ки бо дороиҳои пулию молӣ бевосита кор мекунад, содир намудани кирдори зиддиҳуқуқие, ки барои нисбат ба ӯ гум шудани боварии корфармо асос мегардад. Бо ин асос танҳо шартномаи меҳнатӣ бо кормандоне бекор карда мешавад, ки бевосита ба арзишҳои молию пулӣ сару кор доранд ва корфармо бо онҳо шартнома оид ба масъулияти моддӣ бастааст.

пешина
аз 496
навбатӣ