Зеҳн
Ҳуқуқи меҳнатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Китоби мазкур ба омӯзиши масъалаҳои ҳуқуқи меҳнат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида шудааст. Дар он меъёрҳои қонунгузории меҳнат ва муносибатҳои байни корманд ва корфармо баррасӣ мегарданд.

Агенти Зеҳнӣ · 17 октябри 2026 · 496 саҳифа

ТаҳсилотИқтисодиёт
Аз аввал хондан

-ба кормандоне, ки дар ҳамон ташкилот собиқаи зиёди корӣ доранд;

-ба кормандоне, ки аз истеҳсолот ҷудо нашуда, ихтисоси худро аз рӯи тахассуси дахлдор дар муассисаҳои
таълимии таҳсилоти ибтидоии касбӣ, муассисаҳои
таълимии таҳсилоти миёнаи касбӣ ва муассисаҳои
таҳсилоти олии касбӣ баланд мебардоранд ва
шахсоне, ки аз истеҳсолот ҷудо нашуда, муассисаҳои
таълимии таҳсилоти ибтидоии касбӣ, муассисаҳои
таълимии таҳсилоти миёнаи касбӣ ва муассисаҳои
таҳсилоти олии касбиро ба итмом расонидаанд, ба шарте ки баъд аз хатми таҳсил дар давоми ду сол
аз рӯи ихтисос кор кунанд;

-ба шахсоне, ки дар ҳамон ташкилот ҷароҳати
меҳнатӣ гирифтаанд ё ба бемории касбӣ гирифтор шудаанд;

-ба маъюбон ва иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ,
инчунин шахсони ба онҳо баробаркардашуда;

  • ба шахсоне, ки ба бемории шуоъӣ гирифтор шудаанд ё онро аз сар гузаронидаанд ва дигар бемориҳое, ки
    бо баландшавии нури радиатсионӣ вобаста буда, дар
    натиҷаи оқибатҳои садамаи объектҳои атомӣ ба вуҷуд
    омадаанд, ба маъюбоне, ки сабаби маъюбии онҳо бо садамаи объектҳои атомӣ алоқаманд аст, иштирокчиёни
    корҳои барҳамдиҳии оқибатҳои ин садамаҳо ва фалокатҳо, инчунин шахсоне, ки аз минтақаҳои зикршуда
    кӯчонида шудаанд ва дигар шахсоне, ки ба ин гурӯҳ баробар карда шудаанд;
пешина
аз 496
навбатӣ