Ҳуқуқи меҳнатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Китоби мазкур ба омӯзиши масъалаҳои ҳуқуқи меҳнат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида шудааст. Дар он меъёрҳои қонунгузории меҳнат ва муносибатҳои байни корманд ва корфармо баррасӣ мегарданд.
Агенти Зеҳнӣ · 17 октябри 2026 · 496 саҳифа
бораи машваратҳои сеҷониба" (1976)-ро тасдиқ намудааст.
Дар ҷумҳурии мо яке аз нахустин қонунҳо дар соҳаи шарикии иҷтимоӣ ин Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 25 ноябри соли 1992, №725 "Дар бораи шарикии иҷтимоӣ ва созишномаю шартномаҳои коллективӣ" буд. Баъдан соли 2006 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 июли соли 2006 № 202 «Дар бораи шарикии иҷтимоӣ, созишномаҳо ва шартномаҳои коллективӣ» қабул гардид. Қонуни мазкур бо қабули Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2016 аз эътибор соқит карда шудааст.
Ҳамчунин Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон 21 июли соли 2011 №205 "Дар бораи иттифоқҳои касаба" ва дигар қонунҳо дар рушди шарикии иҷтимоӣ аҳамияти муҳим доранд.
Дар КМ ҶТ аз соли 2016 масъалаҳои шарикии иҷтимоӣ дар фасли IV-и он (Шарикии иҷтимоӣ ва муносибатҳои коллективӣ дар соҳаи меҳнат бобҳои 29 – 33) дар моддаҳои моддаҳои 289 – 326 пурра танзими худро ёфтаанд.
Тибқи моддаи 1 КМ ҶТ зери мафҳуми шарикии иҷтимоӣ ҳамкории иштирокчиёни муносибатҳои иҷтимоию меҳнатие, ки ба таъмини мутобиқати манфиатҳои кормандон, корфармоён ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ равона гардидаанд, фаҳмида мешавад.
Тарафҳои шарикии иҷтимоӣ кормандон ва корфармоён мебошанд, ки аз номи онҳо намояндагони ваколатдорашон баромад мекунанд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё