Зеҳн
Ҳуқуқи меҳнатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Китоби мазкур ба омӯзиши масъалаҳои ҳуқуқи меҳнат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида шудааст. Дар он меъёрҳои қонунгузории меҳнат ва муносибатҳои байни корманд ва корфармо баррасӣ мегарданд.

Агенти Зеҳнӣ · 17 октябри 2026 · 496 саҳифа

ТаҳсилотИқтисодиёт
Аз аввал хондан

бехатар барои ӯ, риояи қонунгузории меҳнат, аз ҷумла
қонунгузории ҳифзи меҳнат;

-ҳуқуқи ҳар яке аз субъектҳои муносибатҳои меҳнатӣ барои қатъ кардани он бидуни ҳеҷ гуна ҷазо, вале тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонун. Дар ин ҳолат, корфармо, дар ҳолатҳои пешбинишуда, вазифадор аст на танҳо кормандро дар бораи аз кор озод кардан огоҳ кунад, балки инчунин ҷубронпулӣ ва дигар кумакпулиҳоро пардохт кунад.

Илова бар ин барои тавсиф кардани предмети ҳуқуқи меҳнат зарур аст, ки фаҳмиши меҳнати мустақил ва меҳнати ғайримустақил (кироя) муайян карда шавад.
Хусусияти табиати инсон дар он аст, ки ӯ қобилияти корӣ дошта, онро озодона ва шахсан ихтиёрдорӣ мекунад.
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқи ҳар касро ба меҳнат, интихоби касбу кор, ҳифзи меҳнат ва ҳимояи иҷтимоӣ ҳангоми бекорӣ муқаррар кардааст.

Барои он ки шахс дар фаъолияти меҳнатӣ восита ва олоти меҳнатро истифода кунад, вай бояд соҳиби худи онҳо бошад ё аз соҳиби ин воситаҳо ба онҳо дастрасӣ пайдо кунад.

Соҳибкорӣ инфиродӣ ё пудратчӣ соҳиби воситаҳои меҳнат буда, қобилияти корӣ низ доранд, аз ин рӯ онҳо мустақилона меҳнати худро танзим мекунанд ва воситаҳои меҳнатро ихтиёрдорӣ мекунанд. Аз ин рӯ фаъолияти меҳнатии онҳо хусусияти мустақилона дорад.

Аммо, меҳнати кирояи шаҳрванд (шахси воқеӣ)
хусусияти дигар дорад, зеро шахс қобилияти корӣ дорад,

пешина
аз 496
навбатӣ