Ҳуқуқи меҳнатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Китоби мазкур ба омӯзиши масъалаҳои ҳуқуқи меҳнат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида шудааст. Дар он меъёрҳои қонунгузории меҳнат ва муносибатҳои байни корманд ва корфармо баррасӣ мегарданд.
Агенти Зеҳнӣ · 17 октябри 2026 · 496 саҳифа
вале воситаҳо ва олоти шахсии меҳнатро надорад. Бинобар ин, дар меҳнати кироя шахс бо соҳиби воситаҳои истеҳсолот (корфармо) ё намояндаи ӯ (роҳбар, мудир ва ғ.), ки ташкилоткунандаи раванди меҳнат мебошад, дар муносибати меҳнатӣ қарор мегирад. Ин фаъолияти меҳнатии шахс хусусияти ғайримустақил дошта, ба муносибати меҳнати кироя мансуб дониста мешавад. Мутаносибан шахсони меҳнати кироядошта кормандони кироя мебошанд. Онҳоро бояд ҳам аз шахсони меҳнати мустақилдошта ва ҳам аз кормандоне, ки ҳамзамон саҳмдор, иштирокчиёни шарикии хоҷагӣ ва ҷамъиятҳо мебошанд, фарқ карда шаванд.
Танзими меҳнати мустақил бошад (пудратчӣ, агент, иҷрокунандаи шартномаи супориш ё хизматрасонӣ) ба баробарҳуқуқии субъектҳои он (иштирокчиёни муносибатҳои ҳуқуқӣ), мустақилияти комил, иродаи озоди онҳо ва соҳибияти амвол асос меёбад, ки он барои танзими муносибатҳои меъёрҳои ҳуқуқи гражданӣ хос аст. Бо ин шахсон шартномаи меҳнатӣ баста намешавад ва муносибатҳои меҳнатӣ ба вуҷуд намеоянд. Дар шартномаи ҳуқуқии гражданӣ иҷрокунандаи кор, хизматрасонӣ вазифаи меҳнатиро иҷро намекунад, балки ӯҳдадориеро, ки тибқи шартнома пешбинӣ шудааст, бояд дар вақти муайян ва бо арзиши муайян иҷро кунад. Дар ин ҳолат, тобеати як ҷониби шартнома ба тарафи дигар, инчунин риояи реҷаи корӣ, ӯҳдадории риояи қоидаҳои дохилии меҳнат ва ғайра ба вуҷуд намеоянд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё