Зеҳн
Эҷодиёти даҳонакии халқи тоҷик

Китоби мазкур ба омӯзиши эҷодиёти даҳонакии халқи тоҷик ё худ фолклор бахшида шудааст. Дар он намунаҳои гуногуни жанрҳои шифоҳӣ гирд оварда шуда, хусусиятҳои бадеӣ ва таърихии онҳо таҳлил мешаванд.

Агенти Зеҳнӣ · 16 октябри 2026 · 295 саҳифа

ФарҳангАдабиётАфсона
Аз аввал хондан

Дигар хусусияти асосии эҷодиёти бадеии даҳанакии халқ вариантнокии он мебошад. Асарҳои фольклорӣ ба сабаби немуаллиф будан, ба таври даҳанакӣ эҷод шудан ва дар натиҷаи аз дахон ба дахон гузашта паҳн шудани худ вариантҳо-нусхаҳо пайдо мекунанд. Омилҳои пайдоиши вариантҳо замон ва мавқеи сурудан ё гуфтани асар, маҳорат ва ақидаи гӯянда, вазъия-ти иҷтимоӣ ва муҳити ҷамъиятӣ, таҷрибаҳои эҷодӣ ва фардии гӯянда мебошанд. Таҳлили вариантҳо барои муайян кардани процесси инкишофи ақидаҳои эстетикии халқ аҳамияти махсус дорад. Бинобар ин омӯзиши шароитҳои пайдоиш, иҷро кардан ва паҳншавии фольклор яке аз масъалаҳои муҳимтарини фольк-лоршиносӣ ҳисоб меёбад.

Аммо бояд қайд кард, ки баъд аз ғалабаи Революцияи Каби-ри Социалистии Октябрь нақли асарҳои фольклори замони гу-зашта шакли асосии зуҳуроти истеъдоди эҷодӣ-бадеии халқ шуда наметавонад. Дар шуур ва ҳаёти одамони советӣ табадду-лоти азиме ба амал омад. Дараҷаи маданияти халқҳои СССР рӯз аз рӯз баландтар шуда истодааст. Дар инкишофи ҳаёти ма-данӣ ва эҷодиёти халқҳои Иттифоқи Советӣ матбуот, радио, теле-визион, кино, театр ва дигар намудҳои ривоҷдиҳандаи эҷодиёти халқ роли бузург мебозанд. Коллективҳои эҷодии ҳаваскорони бадеӣ (кружокҳои драмавӣ, хор, мусиқӣ, ва ғайра) ва газетаҳои деворӣ ҳамчун воситаҳои инкишофи эҷодиёти халқ хизмат меку-нанд.

Эҷодиёти бадеии даҳанакии халқ услуби хосе дорад. А. М. Горький гуфта буд: «Унсури аввалиндараҷаи адабиёт забон аст».¹

Ин сухани Горькийро ба фольклор низ нисбат додан мумкин аст. Забони эҷодиёти бадеии халқ системаи воситаҳои ифодаи бадеист, ки мувофиқи идеалҳои эстетикии халқ ҳаётро инъикос мекунад. Ғояҳо, мавзӯъҳо, қаҳрамонҳое, ки халқ дар асарҳояш тасвир мекунад, ба воситаи забон таҷассум меёбанд.

Тафовути забони фольклор аз забони адабиёти бадеии кито- бӣ дар он аст, ки халқ дар асарҳояш ҳамчун воситаи эстетикии таҷассумкунандаи воқеияти реалия ва орзую омоли худ аз забо- ни гуфтугӯияш бештар истифода мекунад. Аммо дар замони мо забони фольклор ва воситаҳои тасвирии он тадриҷан ба забони адабиёти бадеии китобӣ наздик шуда истодааст. Вале забони фольклор унсурҳои хоси забон ва шеваҳои аҳолии маҳалҳоеро, ки аз он ҷойҳо асарҳои фольклорӣ навишта гирифта шудаанд, нигоҳ медорад. Ин ҳолатро дар хусусиятҳои фонетикӣ, лексикӣ, морфологӣ ва синтаксисии асарҳои фольклорӣ мушоҳида кардан мумкин аст.

Санъатҳои бадеии (поэтикаи) фольклор низ аз баъзе ҷи- хатҳо бо санъатҳои бадеии адабиёти китобӣ умумият доранд. Аммо онҳо дар фольклор системаи хоси воситаҳои тасвири ба-

1 М. Горький. О литературе, стр. 666.

пешина
аз 295
навбатӣ