Эҷодиёти даҳонакии халқи тоҷик

Китоби мазкур ба омӯзиши эҷодиёти даҳонакии халқи тоҷик ё худ фолклор бахшида шудааст. Дар он намунаҳои гуногуни жанрҳои шифоҳӣ гирд оварда шуда, хусусиятҳои бадеӣ ва таърихии онҳо таҳлил мешаванд.
Агенти Зеҳнӣ · 16 октябри 2026 · 295 саҳифа
денро ташкил мекунанд ва истифодаи онҳо ба ҳукми анъана даромадааст. Дар замони советӣ ба муносибати наздикшавии фолклор ва адабиёти хаттӣ таъсири санъатҳои бадеии адабиёт ба асарҳои халқӣ зиёдтар шуда истодааст. Вазнҳои шеърӣ дар фолклор омехтаанд: дар он ҳам вазни арӯз ва ҳам вазни ҳиҷо мушоҳида мешавад. Аммо вазни ҳиҷо мавқеи намоён дорад.
Қонун ва мизони вазни ашъори фолклорӣ асосҳои махсусе дорад, ки як қисми онҳо ба хусусиятҳои дар боло қайдшудаи эҷодиёти бадеии даҳанакии халқ зич вобастаанд.
Эҷодиёти бадеии даҳанакии халқ жанрҳои махсус дорад:
эпос, афсона, латифа, чистон, зарбулмасал, суруд, тезгуяк, бадеҳа ва ғайра. Дар натиҷаи таъсири байниҳамдигарии фолклор ва адабиёти бадеии китобӣ баъзе жанрҳои хоси фолклор ба адабиёт (монанди дубайтӣ ва рубоӣ, байт, чистон, латифа) ва ҳамчунин жанрҳои ҷудогонаи адабиёт ба фолклор (монанди ғазал, мухаммас, маснавӣ) гузаштаанд. Ин процесс дар замони советӣ хеле суръат мегирад.
Хусусияти ба таври даҳанакӣ эҷод шудан ва ба таври даҳанакӣ паҳн гардидани эҷодиёти бадеии халқ санъатҳои бадеии нисбатан устувор ва анъанавиро ба вуҷуд овардааст, ки сюжетсозӣ, усули тасвир ва тарзи типикунонидани қаҳрамони асар, воситаҳои образнок ифодакунии фикр ва ҳоказо аз ҳамин қабиланд. Жанрҳои фолклорӣ дорои услубҳои хос мебошанд. Масалан, эпоси «Гурӯғлӣ», латифаҳо, афсонаҳо, рубоиёт ва ғайра аз ҷиҳати услуби бадеӣ хусусиятҳои хос доранд.
Методи бадеии фолклор. Хусусияти фолклор дар тарзу воситаҳои инъикоси ҳаёт, типикунондани он, яъне дар методи бадеии тасвир, ки аз методҳои хоси адабиёти бадеии китобӣ фарқ мекунад, низ зоҳир мегардад.
Услуби бадеии ҳар жанри фолклор хусусияти махсусе дорад, вале ҳамаи ин хусусиятҳо аз ҷиҳати ғоя ва санъати бадеӣ ягона мебошанд. Асарҳои ҳақиқии халқӣ, пеш аз ҳама, аз ҷиҳати ғояи ягона, ки равияҳои прогрессиввии халқии дар давраҳои муайяни таърихӣ ба вуҷудомадаро ифода менамоянд, ба ҳам алоқаманд мебошанд. Ин ғояи ягона бо принципҳои эстетикии умумихалқӣ, бо воситаҳои бадеии типикунонӣ ба таври узвӣ пайваст мешавад.
Алоқаи амиқи ғоявӣ доштан бо ҳаёт барои ҳамаи асарҳои фолклорӣ ҳодисаи хос ҳисоб меёбад. Дар ҳар асари халқӣ ҷои асосиро ҳамон қаҳрамон ишғол мекунад, ки дар мубориза ва кӯшишҳои худ (гарчанде мубориза ва кӯшишҳои ӯ бештар дар амалиёту воқеаҳои хаёлӣ рӯй диҳанд ҳам) ғояи ғалабаи халқро ифода месозад.
Сабаби ин некбинии мӯъҷизаангез дар эҷодиёти халқ нафақат дар он аст, ки халқ ба хаёлоти бои бадеӣ молик аст, балки
вай инчунин аз ақидаҳои анимистии қадимии ӯ оид ба олам сар
мезанад. Бо вуҷуди ин эҷодиёти халқ ҳамеша равияи ҳарчӣ бештар ба таври реалистӣ дарк кардани олами табиат ва муносибатхои

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё