Эҷодиёти даҳонакии халқи тоҷик

Китоби мазкур ба омӯзиши эҷодиёти даҳонакии халқи тоҷик ё худ фолклор бахшида шудааст. Дар он намунаҳои гуногуни жанрҳои шифоҳӣ гирд оварда шуда, хусусиятҳои бадеӣ ва таърихии онҳо таҳлил мешаванд.
Агенти Зеҳнӣ · 16 октябри 2026 · 295 саҳифа
балки маҳсули шуури коллективии одамон аст, ки дар ин ё он пояи тараққиёти ҷамъияти инсонӣ умр ба сар бурдаанд.
Хусусияти коллективии фолклорро ҳодисаи асосӣ шуморидан маънои онро надорад, ки шахсони ҷудогона дар офаридани асарҳои фолклорӣ роле надоранд. Аввалан, ҳар як асари фолклорӣ аз тарафи шахси алоҳида гуфта мешавад. Агар ин асар ба завқи умум (коллективи одамон) мутобиқат кунад, аз забон ба забон рафта гӯяндаи нахустин номаълум шуда мемонад. Дуюм, шароитҳои таърихӣ, ҷамъиятӣ ва ҳаёти маишӣ ба гӯяндагони фолклор (афсонагӯйҳо, ҳофизон, ноқилон ва достонсароён) таъсир мерасонанд ва он гӯяндагон асарҳои халқиро ба замон, шароит ва муҳит мутобиқан нақл мекунанд, месароянд ва иҷро мекунанд. Асар вобаста ба маҳорати гӯянда хусусияти нав пайдо мекунад. Масалан, гӯрӯғлихонҳои тоҷик Бобоюнус Худойдодзода, Қурбон Ҷалил, Одина Шакар, Ҳикмат Ризо, Ҳақназар Кабуд ва Қурбоналӣ Раҷаб, афсонагӯйҳо Оқилов Саидамир, Назаров Усмон, Ортиқов Амонулло, Додоҷонова Зулол, Тешаев Ҳафиз, Латифов Зариф ва дигарон ҳар кадом дар баёни мазмуну композитсия, дар тасвирҳои бадеӣ аз худ хусусияти хос зоҳир намуда, ганҷинаи эҷодиёти бадеии халқро бой намудаанд. Ҳеҷ яке аз онҳо ҳаргиз гуфта наметавонанд, ки асари худро мехонанд ё нақл мекунанд. Онҳо эътироф мекунанд, ки гӯянда ё сарояндаи асари халқӣ мебошанд. Ҳар тағйирот ва навигарие, ки ба ин ё он асар дохил карда мешавад, дар ҳудуди жанр ва анъанаи устувори он жанр ба амал меояд.
Хусусияти асосии дигари фолклор даҳанакӣ будани он мебошад. Аз сабаби он, ки эҷодиёти бадеии халқ дар давоми асрҳо даҳанакӣ эҷод шуда, аз даҳон ба даҳон гузашта, бо ҳамин роҳ паҳн гардидааст, ин ҳолат ба шаклу маъмуни он бетаъсир намондааст. Мардум ҳамаи ҳодисаю фактҳоеро, ки дар асарҳо тасвир мешаванд, пурраю аниқ дар хотир дошта наметавонистанд, баъзеашон фаромӯш мешуданд, баъзеашон ба тарзи дигар ифода меёфтанд. Дар ин процесс ба ҳамдигар омехтани воқеаҳо, тағйир додани замони онҳо ва тасвири ашхосе, ки ба ҳақиқати таърихӣ мувофиқат намекунанд ва ҳамчунин аз осори хаттӣ иқтибос гирифтан низ мушоҳида мешавад. Вале ин гуна ҳодисаҳо маънии онро надоранд, ки хусусияти даҳанакии фолклор қимати бадеӣ ва ғоявии жанрҳои эҷодиёти халқро паст мезанад. Дар сурудҳои халқӣ, рубоию дубайтиҳо ва дар афсонаю латифаҳо ҳамчун дар ҳар асари бадеии ҳақиқӣ тасвири хушку холӣ ва беобу ранг буда наметавонист ва наметавонад. Дар эҷодиёти ҳақиқии халқ ҳамеша муносибати халқ ба ҳаёти реалӣ инъикос ёфта, мазмуну моҳияти ҳодисаҳо кушода дода мешавад ва мавқеи халқ муайян мегардад. Аз рӯи ин, на ҳамеша далели аниқи таърихиро дар эҷодиёти даҳанакии халқ пайдо кардан мумкин аст. Дар фолклор ҳам амсоли адабиёт ҷамъбастҳои бадеӣ ва образу персонажҳои типӣ мавқеи асосиро ишғол менамоянд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Дунё