Зеҳн
Эҷодиёти даҳонакии халқи тоҷик

Китоби мазкур ба омӯзиши эҷодиёти даҳонакии халқи тоҷик ё худ фолклор бахшида шудааст. Дар он намунаҳои гуногуни жанрҳои шифоҳӣ гирд оварда шуда, хусусиятҳои бадеӣ ва таърихии онҳо таҳлил мешаванд.

Агенти Зеҳнӣ · 16 октябри 2026 · 295 саҳифа

АфсонаФарҳангАдабиёт
Аз аввал хондан

Яке аз далелҳои барҷастаи ин даъво суруди халқии тоҷик дар бораи шӯриши Восеъ мебошад, ки дар онҳо муносибати узвии фолклор ва таърих хеле хуб намудор аст.

Ба ҳамин тариқ, омӯзиши якҷояи фолклор ва таърих ҳам барои фолклоршинос ва ҳам барои таърихшинос хеле муҳим аст.

Шакл ва намудҳои эҷодиёти бадеии халқ. Асарҳои эҷодиёти бадеии халқ асосан ба се гурӯҳ ҷудо мешаванд: эпикӣ, лирикӣ, драмавӣ. Ин навъҳои асари адабӣ дар байни бисёри халқҳо дар замонҳои қадим ба вуҷуд омада ва дар адабиёт мавқеъ пайдо карда, тадриҷан инкишоф ёфта омадаанд.

Аломатҳои фарқкунандаи ин се навъи асари бадеии халқ дар тарзи махсуси тасвири воқеият зоҳир мешаванд. Дар асарҳои эпикӣ воқеа ва амалиёти қаҳрамонии асар нақл мешавад. Дар асарҳои лирикӣ андешаҳо, эҳсосот ва ҳаяҷони шахс инъикос мегардад. Дар асарҳои драмавӣ амалиёти қаҳрамон бевосита нишон дода мешавад. Ҳар кадоми ин навъи асари бадеӣ боз ба намудҳо ё жанрҳо ҷудо мешавад. Масалан, дар фолклори тоҷик чунин жанрҳои эпикӣ: достон, афсона, латифа, ривоят; лирикӣ: рубоӣ, байт, суруд, ашӯла, бадеҳа ва амсоли инҳо ба назар мерасанд. Дар фолклори халқҳои дигар ҳам ҳамин гуна намудҳои эҷодиёти бадеии халқро дидан мумкин аст.

Жанрҳои фолклор аз ҷиҳати банду баст, шакл ва ҳусни баён дар давоми асрҳо инкишоф ва такмил ёфтаанд, ки ин ба вусъат ёфтани доираи меҳнат ва амиқтар гардидани мазмуну моҳияти он, ба эволютсияи муносибатҳои иҷтимоӣ ва зисту зиндагии инсон вобаста аст.

Ҳар як жанри фольклорӣ аҳамияти махсус дорад. Жанрҳои эпикӣ ҳаёти халқро васеътар, мукаммалтар ва дар шакли ҷамъбастии бадии инъикос мекунанд. Жанрҳои лирикии ҳаёти оилавӣ-фардиро ба таври бадии тасвир ва ҷамъбаст карда, олами ботинии шахс ва ҳиссиёту ҳаяҷони ӯро ифода менамоянд. Зарбулмасалу мақолҳо бошанд ҷамъбасти таҷрибаи ҳаёт, ақидаҳои фалсафӣ, иҷтимоӣ, ахлоқӣ ва эстетикии омма мебошанд. Чистонҳо тасвири образноки ҳаёти реалӣ ва хулосаи мушоҳидаю тасаввуроти инсон оид ба табиат ва ҳодисаҳои зиндагианд. Латифаҳо воситаи танқиду мазаммати иллатҳои ҳаёти ҷамъиятӣ ва шахсӣ буда, ахлоқи поки инсониро тарғиб мекунанд. Латифаи халқӣ хандаи маҳкумкунандаи мардум ба унвони нопокии одамист.

Хусусияти фольклор. Хусусияти асосии эҷодиёти бадеии даҳанакии халқ аз он иборат аст, ки вай эҷодиёти коллективӣ мебошад. Вақте ки дар бораи эҷодиёти коллективӣ сухан меравад, аввалан процесси эҷодшавӣ ва такмилёбии асарҳои даҳанакиро дар назар бояд дошт: халқ дар давоми асрҳо осори бадии офарида, онро аз даҳон ба даҳон ва аз авлод ба авлод гузаронида, тағйир медиҳад ва дигаргун месозад. Сониян, асарҳои фольклорӣ эҷоди бадеии ақлу идроки шахси ҷудогона набуда,

пешина
аз 295
навбатӣ