Зеҳн
Эҷодиёти даҳонакии халқи тоҷик

Китоби мазкур ба омӯзиши эҷодиёти даҳонакии халқи тоҷик ё худ фолклор бахшида шудааст. Дар он намунаҳои гуногуни жанрҳои шифоҳӣ гирд оварда шуда, хусусиятҳои бадеӣ ва таърихии онҳо таҳлил мешаванд.

Агенти Зеҳнӣ · 16 октябри 2026 · 295 саҳифа

АфсонаФарҳангАдабиёт
Аз аввал хондан

ҷиҳатҳои зисту зиндагонӣ, расму одат ва ахлоқу одоби миллӣ инъикос ёфтаанд.

Эҷодиёти бадеии халқ бо намудҳои гуногуни санъат, масалан, бо санъати театрӣ (оҳанги нутқ, имову ишора, ҳаракат ва тақлиди амалиёт), бо мусиқӣ (савту суруд), бо рақсу бозӣ, бо санъатҳои тасвирӣ ва ҳайкалтарошӣ (сюжет, образ, композиция) ва ҳоказо низ алоқаманд аст.

Дар давраи ибтидоии ҷамъият, вақте ки санъат дар ҳолати навзод буд, санъат яклухт, яъне синкретӣ буд. Рақс, мусиқӣ, суруд ҳамчун соҳаҳои алоҳидаи санъат ҷудо нашуда буданд. Ин ягонагиро синкретизм меноманд. Баъзе нишонаҳои синкретии санъат ҳоло ҳам дар байни баъзе халқҳо боқӣ мондааст. Масалан, ҳангоми баъзе маросимҳо рақсу суруду мусиқӣ ва бозиҳои театрӣ-драмамӣ дар як вақт аз тарафи як гурӯҳ одамон ва ё як нафар иҷро карда мешаванд. Ин навъ омехтагӣ ва якҷоя иҷро карда шудани чанд намуди санъат ба санъати касбӣ (профессионалӣ) хос нест. Вақте ки санъат тараққӣ карда, ба пояҳои баланд мерасад, вай ба соҳаҳо ҷудо мешавад ва ҳар соҳа мустақил инкишоф меёбад.

Дар асарҳои фолклорӣ хусусиятҳои забони зиндаи гуфтугӯӣ акс мешавад, бинобар ин фолклоршинос бояд лаҳҷаҳо шеваҳоеро, ки бо онҳо асарҳои халқӣ эҷод карда мешаванд, нағз донад.

Эҷодиёти бадеии замонҳои гузаштаро бидуни омӯзиши ҳақиқати таърихӣ ва муҳити иҷтимоӣ фаҳмидан ва тадқиқ кардан номумкин аст. Аз ин рӯ, фолклоршинос ба таърих муроҷиат накарда наметавонад ва илми таърих ба фолклоршиносӣ қаробат дорад. А. М. Горький дуруст қайд карда аст: «Эҷодиёти даҳонакии халқро надониста, таърихи ҳақиқии халқи меҳнатиро донистан мумкин нест»1.

Дар асоси осори фолклории то замони мо маҳфузмонда ба хулосаҳое омада метавонем, ки халқи меҳнаткаш ба ҳодисаҳои ҳаёт, ба воқеаҳои таърихӣ чӣ баҳо додааст ва ба онҳо чӣ гуна муносибат доштааст.

Албатта, фолклор ҳамчун адабиёт воқеаҳои реалӣ ва таърихиро дар шакли бадеӣ ва бо образҳои бадеӣ тасвир мекунад. Бо вуҷуди ин эҷодиёти даҳоникии халқ дар бораи ҷаҳонбинӣ, орзую омол, саъю мубориза ва расму оини авлоду аҷдодони гузаштаи мо маълумоти пуркимат медиҳад. Нависандаи рус Н. В. Гоголь қайд мекунад, ки агар таърихшинос аз сурудҳои украинӣ «...рӯҳи асри гузаштаро фаҳмиданӣ шавад, дар он сурат таърихи халқ дар пеши назари ӯ бо тамоми бузургӣаш падидор мегардад»2.

__________________ 1 М. Горький. О литературе. М., 1953, стр. 703 (минбаъд М. Горький. О литературе).
2 Н. В. Гоголь. О малороссийских песнях. Собр. соч. т. 6, М., 1950, стр. 68.

пешина
аз 295
навбатӣ