Зеҳн
Эҷодиёти даҳонакии халқи тоҷик

Китоби мазкур ба омӯзиши эҷодиёти даҳонакии халқи тоҷик ё худ фолклор бахшида шудааст. Дар он намунаҳои гуногуни жанрҳои шифоҳӣ гирд оварда шуда, хусусиятҳои бадеӣ ва таърихии онҳо таҳлил мешаванд.

Агенти Зеҳнӣ · 16 октябри 2026 · 295 саҳифа

ФарҳангАдабиётАфсона
Аз аввал хондан

атро дағалона вайрон мекард. Усули тадқиқоти социологизми вулгари ҳаққонӣ маҳкум карда шуд. Дар газетай «Правда» як силсила мақолаҳо нашр шуданд, ки дар онҳо тадқиқотчиёне, ки дар рӯҳи социологизми вулгари асарҳо навишта буданд, танқид карда шуданд. Дар ин солҳо инчунин корҳои илмие, ки бо равияи «мактаби таърихӣ» доир ба фолклор навишта шуда буданд, низ ба танқид дучор гардиданд. Тарафдорони ин равия ақида доштанд, ки офарандаи ёдгориҳои эҷодиёти даҳонақии халқ не, балки синфҳои ҳоким мебошанд. Ин ақидаи тамоман нодурусту вайрон ба асарҳои баъзе фолклоршиносони маъруфи советӣ, монандӣ Б. М. Соколов, Н. П. Андреев ва дигарон бе таъсир намонда буд.

Яке аз комёбиҳои асосии фолклоршиносии советӣ дар солҳои баъди Революцияи Октябр вусъат ёфтани корҳои зиёди муташаккилона ҷамъ кардани фолклори халқҳои СССР ва тадқиқи хусусияти миллии фолклор дар алоқамандии эҷодиёти даҳонақии халқҳои дигар мебошад. Дар замони советӣ фолклоршиносон оид ба эҷодиёти даҳонақии халқҳои СССР корҳои илмие зиёде карданд, ки тадқиқоти онҳо дар хазинаи илми ҷаҳон саҳми сазоворе мебошад. Эпосҳои халқҳои қазоқ («Чил баҳодур»), қирғиз («Манас»), ӯзбек («Алпомиш»), туркман, озарбойҷон, тоҷик, қароқалпоқ навишта гирифта, тадқиқ карда шуданд. Муносибати нигилистона нисбат ба эпосҳои халқҳои бурят «Гэсер», арман «Довуди Сусанӣ», олонҳои якутӣ ва ғайра барҳам дода шуд, материалҳои зиёде мавриди тадқиқ қарор гирифт, дар ҳамаи республикаҳо фондҳои мукаммали асарҳои фолклорӣ таъсис ёфт ва бисёр маҷмӯаҳои илмӣ-оммавии фолклор нашр гардид. Дар бисёр республикаҳои миллӣ, аз он ҷумла, дар Тоҷикистон фолклоршиносӣ ҳамчун соҳаи махсуси илм ба вуҷуд омад ва инкишоф ёфт.

Дар фольклоршиносии советӣ оид ба проблемаи алоқаи фольклор ва адабиёти бадеӣ низ корҳои зиёде анҷом дода шуданд. Дар замони худ бо ин проблема В. Г. Белинский, Н. Г. Чернышевский ва Н. А. Добролюбов машғул шуда буданд. Фольклоршиносии советӣ доир ба масъалаи фольклоризм, яъне мавқеи фольклор дар эҷодиёти намояндагони пешқадами адабиёти пешазинқилобӣ ва советии рус, украин, белорус, гурҷӣ, арман, озарбойҷон, қазоқ, ӯзбек, тоҷик ва ғайра корҳои илмию тадқиқотии зиёде ба миён овард. Таърихи ин проблема дар фольклоршиносии рус аз сад сол зиёд аст ва доир ба он корҳои бисёр ба анҷом расиданд. Аммо дар фольклоршиносии Тоҷикистон, Туркманистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Озарбойҷон ва ғайра ҳанӯз оид ба ин проблема корҳои зиёде дар пеш аст.

Яке аз масъалаҳои муҳимтарин ва актуалии фольклоршиносии советӣ омӯхтани фольклори давраи советӣ ва вазъияти ҳозираи он мебошад. Масъалаи хусусияти фольклори давраи

пешина
аз 295
навбатӣ