Зеҳн
Эҷодиёти даҳонакии халқи тоҷик

Китоби мазкур ба омӯзиши эҷодиёти даҳонакии халқи тоҷик ё худ фолклор бахшида шудааст. Дар он намунаҳои гуногуни жанрҳои шифоҳӣ гирд оварда шуда, хусусиятҳои бадеӣ ва таърихии онҳо таҳлил мешаванд.

Агенти Зеҳнӣ · 16 октябри 2026 · 295 саҳифа

АфсонаФарҳангАдабиёт
Аз аввал хондан

ле фоиданок мекунад, ба шарте ки танҳо ба навишта гирифтани матни афсонаҳо ё сурудҳо маҳдуд нашуда, ҳамаи вазъияти чи зоҳирӣ ва чи ботинию ахлоқиеро, ки дар вақти шунидани суруд ё афсона мушоҳида мекунад, пурра тасвир намояд»¹.
Ин талаботи Н. А. Добролюбов дар замони мо ҳам қимати махсус дорад.

ИЛМИ СОВЕТӢ ДАР БОРАИ
ЭҶОДИЁТИ ДАҲАНАКИИ ХАЛҚ

Пас аз Революцияи Октябр барои инкишофи фолклоршиносӣ шароитҳои васеъ фароҳам омад. Фолклоршиносии советӣ бо таълимоти марксистӣ-ленинӣ мусаллаҳ гардида, ба роҳи васеи тадқиқоти озоди объективона дохил шуд ва бисёр проблемаҳои процесси инкишофи эҷодиёти бадеии халқ ва жанрҳои ҷудогонаи онро тадқиқ кард.

Фолклоршиносии советӣ, пеш аз ҳама, проблемаи омӯзиш ва азхудкунии мероси пешазинкилобии фолклоршиносиро дар назди худ мегузорад. Ин проблема дар асоси таълимоти ленинии омӯзиши мероси замони гузашта ва бо роҳи танқидан аз худ кардани маданияти бавуҷудордаи ҷамъияти инсонӣ ҳал карда мешавад. В. И. Ленин таълим додааст, ки «марксизм комёбиҳои пурқимати давраи буржуазиро ҳаргиз бекор карда намепартояд, балки баръакс азхуд мекунад ва ҳамаи он чизе, ки дар инкишофи зиёда аз дуҳазорсолаи ақлу хиради инсонӣ ва маданият гаронбаҳо буд, аз нав кор карда баромад»².

Вазифа ва принципҳои корҳои илмӣ-тадқиқотӣ оид ба фолклор дар СССР аз он иборат буданд, ки ба муқобили таъсир ва концепцияҳои ба таълимоти марксистӣ-ленинӣ бегона мубориза бурда шавад. Дар фолклоршиносии советӣ танқиди назарияҳое, ки моҳият ва процесси инкишофи эҷодиёти бадеии халкро нодуруст маънидод мекарданд, авҷ мегирад. Дар ин бобат қарори КМ ВКП (б) «Дар бораи азнавсозии ташкилотҳои адабӣ-бадеӣ» (1932) роли бузург бозид. Съезди Якуми умумииттифоқии нависандагони советӣ (1934) дар бобати ҷамъ кардан ва тадқиқ намудани эҷодиёти бадеии халқ роль ва аҳамияти махсусе дошт.

Социологизми вулғарӣ дар солҳои сиюм ҳам ба адабиётшиносӣ ва ҳам ба фолклоршиносӣ хеле таъсир расонд. Ин
методи тадқиқоти илмӣ вазифадор буд, ки диққати асосиро ба
ҷиҳати иҷтимоӣ ва синфии эҷодиёти даҳонии халқ равона
кунад, вале талаботи назариявии он, ки асоси тадқиқотро ташкил медод, моҳияти таълимоти марксистӣ-ленинии оид ба санъ-

¹ Н. А. Добролюбов. Народные русские сказки, в кн: «Русская фольклористика» (хрестоматия), М., 1965, стр. 83.
² В. И. Ленин. Асарҳо, ҷ. 31, Сталинобод, 1960, саҳ. 292

пешина
аз 295
навбатӣ