Эҷодиёти даҳонакии халқи тоҷик

Китоби мазкур ба омӯзиши эҷодиёти даҳонакии халқи тоҷик ё худ фолклор бахшида шудааст. Дар он намунаҳои гуногуни жанрҳои шифоҳӣ гирд оварда шуда, хусусиятҳои бадеӣ ва таърихии онҳо таҳлил мешаванд.
Агенти Зеҳнӣ · 16 октябри 2026 · 295 саҳифа
советӣ ва инкишофи минбаъдаи он борҳо мавриди баҳсу мунозира қарор гирифта бошад ҳам, ин масъала то алҳол комилан ҳал нашудааст. Табаддулоти беназири таърихӣ дар ҳаёти одамони советӣ, инкишофи революцияи илмӣ-техникӣ ба шаклу мазмуни эҷодиёти бадеии халқ, ба хусусияти он таъсир нарасонида наметавонад. Ин проблемаро фолклоршиносии советӣ бояд ҳал кунад.
А. М. Горький дар бораи фолклор. А. М. Горький (1868 — 1936) дар соҳаи фолклоршиносӣ ҳам хизмати калоне кардааст. Фикру мулоҳизаҳои ӯ дар бораи реализм, халқияти адабиёти бадей, дар бораи эҷодиёти бадеии халқ ба инкишофи эстетикаи социалистӣ, илми советӣ оид ба адабиёт ва фолклор кӯмак ва таъсири махсусе расониданд. М. Горький дар соҳаи фолклоршиносӣ системаи муайяни назариявӣ дорад, ки он махсусан дар тадқиқи проблемаи процесси таърихӣ ва роли оммаи халқ дар он ифода гардидааст. Ҳанӯз дар соли 1908 М. Горький дар мақолаи «Вайроншавии шахс» навишта буд: «Халқ на танҳо қуввааст, ки ҳамаи сарватҳои моддиро ба вуҷуд меоварад, балки вай инчунин сарчашмаи ягона ва тамомнашавандаи сарвати маънавист»1.
М. Горький дар мақолаҳо, марузаҳо, мактуб ва қайдҳои сершумори худ дар бораи фольклор фикру андешаҳои хеле чуқури илмӣ, назариявӣ ва амалӣ баён кардааст, ки аҳамияти онҳо дар фольклоршиносӣ хеле бузург мебошад. Масалан, ӯ дар бораи пайдоиши эпос, дар бораи муносибати фольклор ва адабиёти бадеӣ, дар бораи мабдаи коллективӣ ва индивидуалӣ дар фольклор, дар бораи забони эҷодиёти бадеии халқ, усул ва роҳҳои ҷамъ кардани он, аҳамияти педагогию фольклор ва ғайра сухан ронда, ба ҳалли ин проблемаҳои муҳим ҳиссаи барҷаста гузошт. Ақидаҳои фалсафӣ, эстетикӣ ва сиёсии М. Горький ба таъсири таълимоти марксистӣ-ленинӣ ташаккул ёфтаанд, ки инро дар мақолаҳои ба ҳимояи эстетикаи материалистӣ ва демократӣ, оид ба масъалаҳои халқ, эҷодиёти бадеии он ва фольклоршиносӣ навиштаи ӯ мушоҳида кардан мумкин аст. М. Горький бо қатъияти тамом бар зидди назарияи пайдоиши аристократии эпос ва назарияи инкоркунандаи қобилияти эҷоди халқ баромад мекунад.
М. Горький бо назарияи реаксионӣ дар эстетика, барои дуруст ва комилан ба таври илмӣ фаҳмидани процесси таърихӣ, барои маданияти пешқадами миллӣ, барои реализм ва халқияти адабиёти бадеӣ мубориза бурд. М. Горький ба ақидаҳои реаксионии олимон ва адибони буржуазӣ дар масъалаи иқтидори шахси ҷудогона ҳашамат ва қувваи эҷодии коллективро, аз як тараф, ба адабиёти пессимистию маъюсонаи дунёбезори оптимизм ва ҳаётдӯстию некбинии эҷодиёти халқ ва рӯҳи зиндадилонаҷан-
1 М. Горький. О литературе, стр. 48.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё