Зеҳн
Эҷодиёти даҳонакии халқи тоҷик

Китоби мазкур ба омӯзиши эҷодиёти даҳонакии халқи тоҷик ё худ фолклор бахшида шудааст. Дар он намунаҳои гуногуни жанрҳои шифоҳӣ гирд оварда шуда, хусусиятҳои бадеӣ ва таърихии онҳо таҳлил мешаванд.

Агенти Зеҳнӣ · 16 октябри 2026 · 295 саҳифа

АфсонаФарҳангАдабиёт
Аз аввал хондан

мебошанд ва «халқи авом» танҳо боқимондаи эпосҳои аз тарафи дигарон офаридашударо маҳфуз медорад1.

Яке аз ҳомиёни ашаддии ин ғояи реаксионӣ В. Келтуяла буд. Дар китобҳои дарсии барои мактабҳои олӣ навиштааш ӯ чунин мулоҳизаро талқин мекунад, ки бавуҷудоварандаи маданияти қадимии рус табақаҳои иҷтимоии болоии ҷамъият буданд. «Ҳамаи намуд ва ҷинсҳои эҷодиёти даҳанакӣ,— мегӯяд В. Келтуяла,— на дар байни омма, балки дар байни табақаҳои болоии он ба вуҷуд омадаанд»2. Ба муқобили ин назарияи зиддиилмии «аристократӣ» дар вақташ М. Горький баромад карда буд3. Ин назария ба асарҳои баъзе фолклоршиносони советӣ низ бетаъсир намонда буд ва таъсири онро ҳатто ба дастуруламалҳои таълимии оид ба фолклор дар солҳои 20—30-уми асри мо мушоҳида кардан мумкин аст.

Мактаби антропологӣ. Асосгузорони мактаби антропологӣ (ба ибораи дигар «назарияи худруии сюжетҳо») дар фолклоршиносӣ олими англис Э. Тейлор (1832—1917) ва олими шотландӣ Э. Лэнг (1844—1912) мебошанд. Соли 1871 асари Э. Тейлор «Маданияти ҷамъияти ибтидоӣ» аз чоп мебарояд. Э. Тейлор дар асоси материали фаровон ба хулосае меояд, ки ҳамаи халқҳо аз ҷиҳати зисту зиндагӣ, ахлоқ, дин ва эҷоди бадеӣ умумияти бисёре доранд. Шарҳи ин масъаларо Э. Тейлор дар умумияти табиати одамӣ, рӯҳия ва тафаккур ҷустуҷӯ мекунад. Ӯ чунин масъаларо ба миён меоварад, ки ҳамаи халқҳо дар просесси тараққиёти худ давраҳои муайяни таърихиро аз сар мегузаронанд, сабаби ба ҳамдигар монандӣ пайдо кардани бисёри сюжет, образ ва персонажҳои фолклорӣ дар ҳамин аст. Консепсияи Тейлор дар замони худ аҳамияти прогрессивӣ дошт, зеро вай олимонро ба тадқиқи илмии материале, ки дар бораи зисту зиндагӣ, афкор ва эҷодиёти бадеии бисёр халқҳо (аз ҷумла, «халқҳои ақибмонда») маълумот дода метавонист, ҷалб мекард. Инкишофи маданиятро Э. Тейлор ҳодисаи қонунӣ медонист, ки ҳар як халқ ба он саҳми худро мегузорад.

Назарияи антропологиро асарҳои илмии олими англис Д. Фрезер бо материалҳои нав ғанитар гардониданд, ки яке аз онҳо соли 1890 бо номи «Шоҳаи заррин» нашр шуда буд. Дар Россия назарияи антропологӣ тараққӣ накард. Таъсири ин мактаби илмӣ танҳо дар осори тадқиқотии баъзе олимон (Н. Ф. Сумцов, А. И. Кирпичников) мушоҳида мешавад.

Ба эътибор гирифта нашудани робитаҳои маданӣ ва таъси-

1 В. Миллер. Очерки русской народной словесности. М., 1897, стр. 18, 32, 52.
2 В. Келтуяла. Курс истории русской литературы, ч. 1, кн. 2, Спб., 1911, стр. 8.
3 Ниг.: И. Дмитраков. Теория аристократического происхождения фолклора и ее реакционная сущность, журн. «Советская этнография», 1950, № 1.

пешина
аз 295
навбатӣ