Зеҳн
Эҷодиёти даҳонакии халқи тоҷик

Китоби мазкур ба омӯзиши эҷодиёти даҳонакии халқи тоҷик ё худ фолклор бахшида шудааст. Дар он намунаҳои гуногуни жанрҳои шифоҳӣ гирд оварда шуда, хусусиятҳои бадеӣ ва таърихии онҳо таҳлил мешаванд.

Агенти Зеҳнӣ · 16 октябри 2026 · 295 саҳифа

АфсонаФарҳангАдабиёт
Аз аввал хондан

ин бобат хилофи таърих амал карданашон одилона танқид мекарданд.

Назарияи иқтибос ё мактаби муқоисавӣ-таърихӣ. Дар мубориза бо назарияи мифологӣ назарияи иқтибос ба вуҷуд омад.
Тарафдорони машҳури ин назария дар Европаи Ғарбӣ Т. Бенфей (1809-1881), дар Россия А. Н. Пыпин (1833-1904), В. Ф. Миллер (1848-1913) ва дар охирҳои фаъолияти худ Ф. И. Буслаев (1818-1897) ва дигарон буданд. Тарафдорони ин назария вазифаи асосии худро дар он медонистанд, ки эҷодиёти даҳонакии халқҳои гуногунро бо роҳи муқоиса омӯзанд.
Онҳо кӯшиш мекарданд, ки дар асарҳои фолклории халқҳои Ғарбу Шарқ сюжет, мотив, образҳои монандӯ наздикро ёфта нишон диҳанд. Камбудии асосии назарияи муқоисавӣ-таърихӣ аз он иборат аст, ки намояндагони он асари эҷодиёти даҳонакии халқро аз заминаи миллӣ-таърихиаш ҷудо мекарданд, хусусиятҳои миллиашро ба эътибор намегирифтанд. Муқоисаи далелҳои фолклорӣ дар миқёси байналхалқӣ танҳо дар асоси монандӣ зоҳирии сюжетҳо, мотивҳо, образҳо, ба ҳисоб нагирифтани шароитҳои иҷтимоӣ-таърихии пайдоиши онҳо ва сабабҳои шабоҳати онҳо барои муайян кардани процесси инкишофи таърихии эҷодиёти халқ натиҷаи дуруст ва фоидаи зиёд дода натавонист.

Мактаби таърихӣ. Аз охири солҳои 90-уми асри XIX дар фольклоршиносии рус мактаби таърихӣ мавқеи асосиро ишғол менамояд. Бузургтарин намояндагони ин назария В. Ф. Миллер (1848-1913), М. Н. Сперанский (1863-1938), Н. П. Дашкевич (1852-1908) буданд. Онҳо мақсад доштанд, ки решаҳои таърихии сюжету образҳои фольклориро муайян кунанд. В. Миллер ва ҳамфикрони ӯ дар асарҳои худ кӯшиш мекарданд, ки он фактҳои таърихиро, ки дар достонҳо, афсонаҳо ва дигар жанрҳои фольклор инъикос ёфтаанд, муқаррар намоянд. Намояндагони ин равияи фольклоршиносӣ бисёр фактҳои навро дарёфтанд, хулосаҳои пуркимат ба даст оварданд. Аммо онҳо хусусияти фольклорро ба ҳисоб намегирифтанд ва ба он эътибор намедоданд, ки фольклор инъикоси фотографии фактҳои ҷудогона ва ҳодисаҳои зиндагӣ нест, балки вай факт ва ҳодисаҳои зиндагиро эҷодкорона ва дар шакли ҷамъбасти бадеӣ намудор месозад. Дар асарҳои онҳо воқеаҳои таърихӣ ва номҳо бо сюжет ва образҳои асарҳои фольклорӣ муқоиса карда шудаанд, вале алоқаи ҳақиқии эҷодиёти халқ бо протсесси таърихӣ равшан нишон дода нашудааст.

Намояндагони ин назария дар тадқиқоти худ ва дастуруламалҳои таълимиашон ба ақидаҳои реаксионӣ ҷой дода, қайд
мекунанд, ки ҳамаи чизҳои пуркимати фольклор аз тарафи синфҳои ҳоким ба вуҷуд оварда шудаанд. Роли халқ ҳамчун эҷодкори сарвати маданӣ аз тарафи онҳо ё тамоман инкор меёбад,
ё паст зада мешавад. Масалан, В. Миллер тасдиқ мекунад, ки
«деҳқонон охирин нигаҳдорандаи» эпосҳои замонҳои гузашта

пешина
аз 295
навбатӣ