Эҷодиёти даҳонакии халқи тоҷик

Китоби мазкур ба омӯзиши эҷодиёти даҳонакии халқи тоҷик ё худ фолклор бахшида шудааст. Дар он намунаҳои гуногуни жанрҳои шифоҳӣ гирд оварда шуда, хусусиятҳои бадеӣ ва таърихии онҳо таҳлил мешаванд.
Агенти Зеҳнӣ · 16 октябри 2026 · 295 саҳифа
ри мутақобилаи эҷодиёти бадеии халқҳо нуқсони ҷиддии назарияи антропологӣ буд.
ДЕМОКРАТҲОИ РЕВОЛЮЦИОНИИ РУС ДАР БОРАИ ФОЛЬКЛОР
В. Г. Белинский дар бораи фольклор. В. Г. Белинский (1811— 1848) дар инкишофи фольклоршиносӣ роли бузург бозидааст. Ӯ нуқтаи назари А. Н. Радищев, декабристҳо К. Ф. Рылеев, А. А. Бестужев ва А. С. Пушкинро пайравӣ карда, вусъат до- дааст. В. Г. Белинский асоси равияи революсионӣ-демократии фольклоршиносии асри XIX русро гузоштааст. Дар солҳои ҳаё- ти В. Г. Белинский масъалаи халқият хеле актуалии гардида буд. В. Г. Белинский мегуфт, ки «халқият» альфа ва омегаи эсте- тикаи замони мост»1, яъне он алифбои эстетика аст. Ӯ ғояҳои революция ва социализмро дар асоси эстетика мегузорад ва ба- рои халқият ва реализми адабиёти рус мубориза мебарад. Масъалаҳои халқияти адабиёти бадеӣ ва эҷодиёти даҳана- кии халқ дар давоми ҳамаи фаъолияти адабии ӯ мавқеи мар- казиро ишғол кардаанд. Дар соли 1841 як силсила мақола- ҳои В. Г. Белинский махсус ба эҷодиёти халқ бахшида шуда- анд. Дар мақолаҳои оид ба нашри маҷмӯаҳои фольклорӣ на- виштаи ӯ (монандӣ «Шеърҳои қадимии Россия»-и Кирша Данилов ва ғайра) эҷодиёти даҳонакии халқ аввалин бор дар алоқамандӣ бо ҳаёти рус, бо таърихи халқи рус таҳлил карда шуда, дар он инъикос ёфтани зиддиятҳои иҷтимоӣ нишон дода мешавад. В. Г. Белинский дар асарҳои худ масъалаҳои му- ҳимтарини зеринро ба миён мегузорад: дар бораи вазифаҳои омӯзиши эҷодиёти халқ, мазмун ва аҳамияти таърихии он, дар бораи таъсири байниҳамдигарии адабиёти бадеӣ ва фольклор ва ғайра. В. Г. Белинский дар асари худ обзори жанрҳои эҷо- диёти даҳонакии халкро дода, дар бораи достонҳо ва сурудҳо ба таври махсус ва муфассал сухан меронад. Асарҳои дигари ӯ «Ба ҷинсу намудҳо тақсим кардани адабиёт», «Назари уму- мӣ ба адабиёти халқ ва аҳамияти он» низ қимати бузурги фоль- клоршиносӣ доранд. Фикру мулоҳизаҳои В. Г. Белинский оид ба эҷодиёти халқ инчунин дар мақолаҳои дар бораи А. В. Коль- цов, И. А. Крылов, А. С. Пушкин, Ю. М. Лермонтов, Н. В. Го- голь навиштаи ӯ ифода шудаанд.
В. Г. Белинский дар мулоҳизарониҳои худ оид ба тараққиёти эҷодиёти даҳонакии халқ принципи таърихиро нигоҳ дошта, эҷодиёти бадеии халкро ба давраи «кӯдакӣ»-и таърихи башарият нисбат медиҳад. Ӯ изҳор мекунад, ки ҳар як халқ ва ҳар як қабила, дар кадом дараҷаи тамаддун ва илму дониш қарор нагирифта бошад, эҷоди бадеии худро дорад. Хусусияти
1 В. Г. Белинский. Соб. соч. в трех томах. Т. 2, М., 1948, стр. 118.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё