Зеҳн
Эҷодиёти даҳонакии халқи тоҷик

Китоби мазкур ба омӯзиши эҷодиёти даҳонакии халқи тоҷик ё худ фолклор бахшида шудааст. Дар он намунаҳои гуногуни жанрҳои шифоҳӣ гирд оварда шуда, хусусиятҳои бадеӣ ва таърихии онҳо таҳлил мешаванд.

Агенти Зеҳнӣ · 16 октябри 2026 · 295 саҳифа

ФарҳангАдабиётАфсона
Аз аввал хондан

шаклҳои гуногун асарҳое мавҷуданд, ки бештари онҳо дар солҳои сиюм ва аввалҳои солҳои чилум гуфта шудаанд.

Мавзӯи меҳнат дар эҷодиёти даҳоникии халқ бо шавки тамом суруда мешавад:

Меҳнат кардан барои моён осон шуд,
Э ёрии азиз, хонаи моён пурнон шуд.
Колхоз падару ҳам модарай дар моён,
Даври меҳнатии осудагии моён шуд.
Дар дасти нигори ман дутору танбур.
Озод шудему, хуҷаинҳо рафт да гӯр,
Ғусса нахӯр, э ёри азиз, меҳнат кун,
Дар кулфати олам намешавем ранҷур.

Меҳнати озоди социалистӣ барои он ҳам дар эҷодиёти халқ бо камоли ҳаяҷон ва хушнудӣ суруда мешавад, ки он дар ҷамъияти социалистӣ кори шараф ва пурифтихор, омили хушбахтӣ ва воситаи ба зуҳурорандаи истеъдоду қобилияти одамон мебошад. Асоси ин фикрро рубоиҳои зерин боз ҳам мустаҳкамтар менамоянд:

Э духтараки сабзинаи хушқомат,
Да меҳнати колхозӣ доим саломат.
Кори нағзи ту дар ҳама ҷо машҳур шуд,
Падарка шуда медалумад да нумат.
Звенои мо духтараки серкорай,
Хоб надораде, дар саҳарӣ бедорай.
Ҳукумати мо тарбия карда занҳора,
Звенои мо дар ҳама ҷо номдорай.
Э ёри азиз, биё, равем да саҳро,
Саҳрои васеъ кор кунем ҳардуямон,
Стахановчӣ шуда гирем мо орден,
Маскав равему ҳарду кунем тамошо.
Дастатба каланд кор мекунӣ да саҳро,
Нуматба мурам, таърифи ту дар ҳар ҷо,
Кори ту гап-гапи ноҳия шуду марказ,
Рӯят ба мурам, мисли гули раъно.

Амсоли адабиёт дар эҷодиёти халқӣ ҳам васфи ҳусну ҷамоли дилбару ҷонона бо меҳнати садоқатмандонаи ӯ пайваста омадааст. Дар чунин маврид муносибати аз ҳамдигар ҷудонашавандаи ишқу меҳнат мушоҳида мешавад, ки ин муносибат яке аз омилҳои меҳнатии эҷодкоронаи социалистӣ гардидааст:

Э духтараки сафедаки бӯи баҳор,
Қаддат ба ниҳол монаду рӯят ба анор.
Дар меҳнати ҷамъият гузаштӣ аз ҳама,
Дар колхози мо шудӣ духтари номдор.

Дар эҷодиёти даҳонакии халқ мавзӯи озодӣ ва меҳнати занон ва духтарон, садоқати онҳо дар корҳои ҷамъиятӣ ва колхозӣ низ мавқеи намоён дорад:

пешина
аз 295
навбатӣ