Зеҳн
Эҷодиёти даҳонакии халқи тоҷик

Китоби мазкур ба омӯзиши эҷодиёти даҳонакии халқи тоҷик ё худ фолклор бахшида шудааст. Дар он намунаҳои гуногуни жанрҳои шифоҳӣ гирд оварда шуда, хусусиятҳои бадеӣ ва таърихии онҳо таҳлил мешаванд.

Агенти Зеҳнӣ · 16 октябри 2026 · 295 саҳифа

ФарҳангАдабиётАфсона
Аз аввал хондан

Қад-қади Зарафшон роҳи мошингард аст,
Шаҳро меравем, мошин аҷаб зудгард аст.
Сафари семоҳая дар як рӯз кунем,
Раҳмат ба ҳамин ҳукумати мо, мард аст.

Мӯҳтоҷи хару роҳҳои борик мо нестем,
Аз кулфату азобои роҳ мо растем,
Роҳҳои васеъ дорему мошингардак,
Аз давлати ҳукумата мо шод ҳастем.

Идомати ин фикру андешаи мардуми Зарафшон дар як рубоии халқии Бадахшон ба таври зерин ифода гардидааст:

Кӯҳҳои баланд ҳама фитоданд ба замин,
Обод бишуд ҳар ҷониба роҳи мошин.
Ҳар рӯз ба деҳи ман биёяд мошин,
Аз моли саноат бинамояд таъмин.

Шоири халқии бадаҳшонӣ Ғуломҷон дар шеъри «Меҳнат инчунин бояд» меҳнати эҷодкоронаи одамони советиро бо орзую омоли халқ пайваста, давлати ҳақиқии халқӣ будани Ҳукумати Советиро ин тавр тараннум кардааст:

Баъди сохтмони роҳ дар Ҳукумати Шӯро,
Роҳи нав шуда барпо, давлат инчунин бояд.
Дар ҳукумати комил, деҳқонон шуданд якдил,
Мақсад ҳама шуд ҳосил, меҳнат инчунин бояд.

Ватандӯстии советӣ ва дӯстию бародарии халқҳо, ки натиҷаи сиёсати милии Партияи Коммунистӣ ва Ҳукумати Советӣ мебошад, қувваи пешбарандаи ҷамъияти социалистии мо буда, ғалабаҳои дурахшони халқҳои Иттифоқи Советиро таъмин менамояд. Ин хислати нави халқи советӣ низ дар эҷодиёти шоирони халқӣ инъикос ёфтааст. Юсуф Вафо ба як шеъри Мирсаид Миршакар тақлид карда, дар ин бора гуфтааст:

Мо дар ин майдони озод зиндагонӣ мекунем,
Дар Ватан — дар боғи худ мо боғбонӣ мекунем.
Мисли боғбон боғамон донем қатори нури чашм,
Мо ба кори боғбонӣ ҳамзабонӣ мекунем.
Дасти ҳамдигар гирифта иттифоқӣ мекунем.
Мо ба дӯсти боғи худро посбонӣ мекунем.

Ҳаёти нав, муваффақиятҳои беназири соҳаҳои зиндагии халқ, табаддулоти азими муҳит, ки дар як муддати кӯтоҳ ба амал омадаанд, дар назми даҳанакии халқ низ нақш бастаанд:

Эй дӯст, биё равем Бартанг,
Он ҷо нашавад дили касе танг,
Он кӯҳна ҷаҳон кунун дигар шуд,
Ҳар пиру ҷавон кунанд оҳанг.

Дар эҷодиёти даҳонакии халқ оид ба доҳии халқҳо В. И. Ле-нин, Революцияи Октябр, Партияи Коммунистӣ, мудофиаи ва-тан, Армияи Советӣ, ҳаёти нав, сохтмонҳо, мактабу маориф, озодии занон, меҳнати озоди социалистӣ ва монанди инҳо дар

пешина
аз 295
навбатӣ