Зеҳн
Эҷодиёти даҳонакии халқи тоҷик

Китоби мазкур ба омӯзиши эҷодиёти даҳонакии халқи тоҷик ё худ фолклор бахшида шудааст. Дар он намунаҳои гуногуни жанрҳои шифоҳӣ гирд оварда шуда, хусусиятҳои бадеӣ ва таърихии онҳо таҳлил мешаванд.

Агенти Зеҳнӣ · 16 октябри 2026 · 295 саҳифа

ФарҳангАдабиётАфсона
Аз аввал хондан

Ҷаҳони ман дорад ҳуқуқи озод,
Ин озодира Ҳукумати Шӯро дод,
Садкат шавем э Ҳукумати шӯроӣ,
Аз қонуни ту расидаем мо ба мурод.

Пайгоме гирам, барам ба роҳи Ампот 1
Колхоз додаст аз ёри ман мукофот.
Иҷро кардааст пилони равған сечанд,
Мардум мегӯнд: «Ҳалоли ёри ту бод!».

Коллективонидани хоҷагии қишлоқ, ташкили зиндагии нави колхозӣ дар қишлоқ, осудаҳолии социалистии деҳқонон ва меҳнати сердаромади колхозӣ низ дар эҷодиёти халқии даҳанакии тоҷик ба таври васеъ инъикос ёфтаанд:

Раҳмат ба Ҳукумати Советии мо бод,
Ин осудагии колхозба мо дод.
Меҳнат мекунем, амбори мо пур мешад,
Колхоз кардааст хонаи моро обод.
Э ҷӯраи ҷон, фасли баҳорун омад.
Шамоли хушу обхону борун омад.
Аз боруни баҳор ангормон² сер гардад,
Меҳнат кардани колхозчӣ осон омад.

Зарбдорон, стахановчиён ва пешқадамони саҳроҳои социалистӣ, таҷрибаҳои бои меҳнатии онҳо, омӯхтани усули кори пешқадамон, бо садоқат меҳнат карда, ӯҳдадорию планҳои давлатиро иҷро намудан, мубориза барои шарафи колхоз, ноҳия ва ғайра, инчунин мубориза бар зидди танбалон ва касоне, ки ба кори ҷамъиятӣ мусоҳилакорона нигоҳ мекунанд, низ аз мавзӯъҳои эҷодиёти халқӣ мебошанд.

Садкат шавем, садқаи чашмони сиёҳ
Савол дорем, малол нашав, пешам биё,
Аз таҷрибаи корҳот ту ба ман ёрдам те,
Зарбдор шавам — овлас³ равем ҳардуямон.

Колхоз пур кунад амбораша аз ғалла,
Аз пашму куруту равгану боқала,
Ҳар кас, ки кунад кор, мегирад аз колхоз,
Танбалора гӯ, ки кор кунан беҳила.

Дар натиҷаи меҳнати софдилона ва мустаҳкамшавии сохти колхозӣ аҳволи моддӣ-маишии колхозчиёни кӯҳистон тамоман беҳтар шуд. Ҳизб ва ҳукумат дар бораи баланд бардоштани хоҷагии аҳолии кӯҳистон борҳо қарор қабул карданд, ки ин ғамхорӣ низ дар эҷодиёти халқ ифода ёфтааст:

Э ёри азиз, биё, ғазит мехунем,
Фармони ҳукумата аз ин медунем,
Бинем, барои мо чӣ ғамхорӣ шудай,
Аз зиндагии нав моюн беармонем.

1 Ампот — номи кӯҳ.
2 Ангор — киштзор.
3 Овлас — область, вилоят.

пешина
аз 295
навбатӣ