Эҷодиёти даҳонакии халқи тоҷик

Китоби мазкур ба омӯзиши эҷодиёти даҳонакии халқи тоҷик ё худ фолклор бахшида шудааст. Дар он намунаҳои гуногуни жанрҳои шифоҳӣ гирд оварда шуда, хусусиятҳои бадеӣ ва таърихии онҳо таҳлил мешаванд.
Агенти Зеҳнӣ · 16 октябри 2026 · 295 саҳифа
Серистеъмолии калимаҳои ифодакунандаи навозиш, овозҳои тасвирию тақлидӣ, лексиони махсус ва монанди инҳо хусусияти барҷастаи забони фолклори бачагон мебошад. Чунончи:
Ҳулгиначон ҳулгина
Пилта кашум гулгина.
Ҳадурсӣ, дурсӣ, дурсӣ,
Баро ба боли курсӣ.
Ҳалӯндӣ, лӯндӣ, лӯндӣ,
Пушти хонет баланди.
Дурӯггӯи аф-афӣ,
Рӯзи ҷумъа мекафӣ.
Каллакалони ғӯрадуз,
Боғча даро, ангура дуз.
Отурмаю отурма,
Дегҳо пури катурма.
Ба насри халқии бачагона афсонаҳои махсуси бачагона, як қисми афсонаҳои муштараки барои бачагон аҳамияти тарбиявӣ доштагӣ ва афсонаҳои тамсилӣ дохил мешаванд.
Насри бадеии халқии бачагона ихҷаму кӯтоҳ буда, банду басти соддае дорад ва мазмуну забону услуби он барои бачагон фаҳмо аст.
Аксарияти сюжетҳои афсонаҳои бачагона бо иштироки ҳайвонот, паррандагон, ҳашарот ва растаниҳо сохта шудаанд ва ба воситаи ин персонажҳо хислатҳои неку бади одамӣ инъикос гардида, ғояи ахлоқомӯзӣ ва тарбиявии халқ ифода ёфтааст. Масалан, рӯбоҳ қариб дар ҳамаи афсонаҳо ҳамеша фиребгар, маккор, дурӯя, хушомадгӯй; гург — дарранда, бераҳму ҷоҳилу нодон харгӯш — тарсончак, буздил; саг — содиқ ва вафодор, шағол — дузду тороҷгар; мӯрча — меҳнаткашу иттифоқ; қурбоққа — танбалу холабеғам; акка — хабаркашу иғвогар; каждум — кӯрнамаку бадкин; фароштурук — дӯсти инсон ва ғайра тасвир мешаванд.
Дар маҷмӯаи «Афсонаҳои халқии тоҷикӣ» (Душанбе, соли 1957) афсонаҳои «Ду бузича», «Мурғ, мурғобӣ ва мӯш», «Рӯбоҳ ва лаклак», «Сағи чашмгурусна», «Рӯбоҳ», «Бибикунғузак», «Саъва ва фил», «Рӯбоҳ ва паланг», «Гурги нодон», «Мурғи зирак», «Гург ва рӯбоҳ», «Шер, шағол ва рӯбоҳ», «Рӯбоҳ, сангпушт ва мӯрча», «Кайкак», «Шутур ва хар», «Хари ҳилагар», «Харгӯши шердил», «Гунчишкак», «Бузичаи ҷингилапо» ва ғайра дохил гардидаанд, ки ҳар кадоми онҳо ба воситаи персонажҳои номбурда дар бораи хислатҳои неку бади одамӣ нақл мекунанд ва дорои аҳамияти калони тарбиявӣ мебошанд. Масалан, дар афсонаи «Ду бузича» хислати якравии бефоида ва мағрури танбалӣ, коргурезӣ ва муфтхӯрӣ мазамату нафрат карда шуда,

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо