Зеҳн
Эҷодиёти даҳонакии халқи тоҷик

Китоби мазкур ба омӯзиши эҷодиёти даҳонакии халқи тоҷик ё худ фолклор бахшида шудааст. Дар он намунаҳои гуногуни жанрҳои шифоҳӣ гирд оварда шуда, хусусиятҳои бадеӣ ва таърихии онҳо таҳлил мешаванд.

Агенти Зеҳнӣ · 16 октябри 2026 · 295 саҳифа

АфсонаФарҳангАдабиёт
Аз аввал хондан

овозҳои садонок ба вуҷуд меоянд. Масалан, дар мисраъҳои якум, дуюм ва чоруми суруди зерин ҷой доштани қоидаи арӯзро мушоҳида мекунем, аммо мисраи сеюм аз мизони вазни се мисраи мазкур хориҷ мешавад:

Абри гузар, —VV—
Тез гузар, —VV—
Ягон-ягон V—V—
Чакда гузар. —VV—

(Муфтаилун)

Дар мисраи чорум калимаи «чакида» дар талаффузи шевагӣ «чақда» аст, ки ба ин сабаб ба ченаки арӯз ғунҷидааст. Чунин ҳолат умуман ба назми даҳанакии халқ аз ҷумла, ба назми халқии бачагон хеле характернок мебошад.

Офтоб бурод ба рӯям,
— — V — V — —
Тиллопӯпак ба мӯям,
— — V — V — —
Чойнаки чой да пешам,
— — V — V — —
Кашта тиям ба хешам.
— — V — V — —

(Мустафъилун фаъулун)

Дар ин мисол ва дар мисолҳои зерин бо вуҷуди он ки рукнҳои арӯз мушоҳида мешаванд, ритму оҳанги тараннумӣ қолабу ченаки асосии шеърҳои бачагона мебошанд:

Опа-опа анҷир,
— V — V — —
Мемахона занҷир.
— V — V — —

(Фонлун мафонл)

Олуҷча, гули бодом,...
— — V — — — —
Ман духтараки додом,
— — V — — — —
Додом шинан, чой хӯран,
— — V — — — —
Ман чойрезаки додом.
— — V — — — —

(Мустафъилун мафъулун)

Забон ва услуби назми халқии бачагон хеле содда буда, дар ҳудуди боигарии лексикии онҳо эҷод шудааст. Азбаски мавзӯъ ва мазмуни назми халқии бачагон аз ҳаёти онҳо гирифта шудааст ва ба фаҳму дониши бачагон мувофиқ мебошад, табиист, ки забон ва услуби ин навъ асарҳо ҳамчун шакл ва мундариҷаи онҳо мутобиқат мекунад.

пешина
аз 295
навбатӣ