Зеҳн
Эҷодиёти даҳонакии халқи тоҷик

Китоби мазкур ба омӯзиши эҷодиёти даҳонакии халқи тоҷик ё худ фолклор бахшида шудааст. Дар он намунаҳои гуногуни жанрҳои шифоҳӣ гирд оварда шуда, хусусиятҳои бадеӣ ва таърихии онҳо таҳлил мешаванд.

Агенти Зеҳнӣ · 16 октябри 2026 · 295 саҳифа

АдабиётАфсонаФарҳанг
Аз аввал хондан

Як буз дорам кабӯд аст,
Чояш таги муруд аст,
Ҳурма пури қурут аст,
Бузакам, чигӣ-чигӣ!
Бузакам шохкалон аст,
Пеши моли чӯпон аст,
Ачалаки гургон аст,
Бузакам, чигӣ-чигӣ!
Бузаки шӯхам тоқ аст,
Почадорози қоқ аст,
Саркашаки айлок аст,
Бузакам, чигӣ-чигӣ!

Қофия дар назми бачагон мавқеи асосиро ишғол мекунад. Дар ин навъи назми халқӣ қофияҳои мукаммалу солим бисёранд. Дар сурудҳои бачагона калимаву овозҳои тақлидӣ ва бемаъно низ барои қофия истифода мешаванд:

Тоҳтам то сари пул,
Чиндам хирмани гул.
Офтоб бурод ба рӯям,
Нукрапӯпак ба мӯям,
Ҳалқи тилло ба гӯшам,
Кӯҳна шавад фурӯшам,
Чойнаки чой да пешам,
Кашда диҳам ба хешам...

Қофияҳое низ дучор мешаванд, ки зоҳиран мукаммалу солим ба назар расанд ҳам, вале яке аз онҳо маъно надорад ва ба қофияи маънидор ҳамовоз шуда меояд:

Офтоб баромад такӣ,
Мисли гули пистокӣ.

Дурӯггӯи аф-афӣ,
Рӯзи ҷумъа мекафӣ.

Ҳа, дурсӣ, дурсӣ, дурсӣ,
Баро ба рӯи курсӣ.

Қофияҳое низ ба назар мерасанд, ки асоси онҳоро ҳамоҳангии калимаҳо, ҳиҷоҳо ва садоноку ҳамсадоҳо ташкил медиҳанд:

Чанг омаду чанг омад,
Чангаш ба ғубор омад,
Ӯзбакбача маст омад,
Дар болои асп омад.
Аспа дар куҷо бандем,
Дар беди қатор бандем,
Қамчина куҷо монем,
Дар шохи чинор монем...

Вазни назми халқии бачагон вазни ҳиҷоӣ аст, яъне баробарии миқдори ҳиҷоҳои мисраъҳо ин вазнро ташкил медиҳад. Дар сурудҳои халқии бачагона баъзе мисраъ ё байтҳое мушоҳида мешаванд, ки онҳо ба вазнҳои арӯз мувофиқ афтодаанд. Он навъ мисраъ ва байтҳо аз талаффузи шевагии калима, ҳиҷо ва

пешина
аз 295
навбатӣ