Эҷодиёти даҳонакии халқи тоҷик

Китоби мазкур ба омӯзиши эҷодиёти даҳонакии халқи тоҷик ё худ фолклор бахшида шудааст. Дар он намунаҳои гуногуни жанрҳои шифоҳӣ гирд оварда шуда, хусусиятҳои бадеӣ ва таърихии онҳо таҳлил мешаванд.
Агенти Зеҳнӣ · 16 октябри 2026 · 295 саҳифа
нисбат ба меҳнатдӯстию одами меҳнатӣ ҳисси эҳтирому таваҷҷӯҳ баён карда мешавад. Дар афсонаҳои «Ҷуворияк», «Саъва ва фил», «Бибикунгузак», «Гурги нодон», «Мурғи зирак», «Донак» дӯстӣ, бовафоӣ, иттифоқӣ, зиракӣ, боақлӣ, хушӯрӣ, далерӣ ва инҳо барин хислатҳо инъикос ёфтаанд. Барои ҳамин ҳам дар замони мо ин гуна афсонаҳоро дар шакли китобчаҳои алоҳидаи суратдор бисёр нашр мекунанд ва ба воситаи радио телевизион тез-тез мешунавонанд.
Як қисми насри халқии бачагон дар китобҳои дарсии мактабҳо низ истифода шудааст. Афсонаҳои тоҷикӣ ба забонҳои дигар ва афсонаҳои халқҳои дигар ба забони тоҷикӣ бисёр тарҷума шудаанд, ки ҳамаи ин дар бораи аҳамияти бузурги тарбиявӣ, эстетикӣ ва маърифатбахшии афсонаҳо шаҳодат медиҳанд.
Ба ҳамин тариқ, фольклори бачагон на танҳо аз суруду ашӯлаҳо, чистону тезгӯякҳо ва амсоли инҳо иборат аст, балки як қисми муҳими фольклори бачагонро насри бадеӣ, яъне афсонаҳо ташкил медиҳанд, ки онҳо аз ҷиҳати шакл, мазмун ва истифодаи образҳои рамзӣ ба масал хеле наздиканд.
АДАБИЁТ
- Бахром Шермуҳаммадов. Назми халқии бачагонаи тоҷик, Душанбе, 1973.
- В. Асрорӣ. Оид ба фольклори бачагон, журн. «Шарқи Сурх», 1953, № 11.
- Афсонаҳои халқии тоҷикӣ, Сталинобод, 1957.
- Дарвоза нигин дорад, Душанбе, 1962.
- Бибинғамбӯсак, Душанбе, 1962.
- Баҳори лолазор омад, Душанбе, 1963.
- Ҳикмати бобоён, Душанбе, 1974.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо