Эҷодиёти даҳонакии халқи тоҷик

Китоби мазкур ба омӯзиши эҷодиёти даҳонакии халқи тоҷик ё худ фолклор бахшида шудааст. Дар он намунаҳои гуногуни жанрҳои шифоҳӣ гирд оварда шуда, хусусиятҳои бадеӣ ва таърихии онҳо таҳлил мешаванд.
Агенти Зеҳнӣ · 16 октябри 2026 · 295 саҳифа
Баччаяконаш гир-гирён...
Соли нав мурак бошаде!
Дар сурудҳои дигари солинавии ҳамин гуна масъалаҳо ва рафтору кирдори шахсони ҷудогона бо оҳанги танқиду истеҳзо зикр мешаванд:
Кӯчаи Денав шамол шуд,
Усмонбой навдомод шуд.
Усмонбой пирдомод,
Кайба аклаш медарод,
Соли нав мурак бошаде!
Эсуни дайро сангча,
Усуни дайро сангча,
Келинчакои сатангча,
Соли нав мурак бошаде!
Дар як қатор ноҳияҳои тоҷикнишини Осиёи Миёна (водиҳои Фарғона, Самарқанд, Қашқадарё) маросими гулгардонӣ бо номи «Бойчечак» машҳур аст. Ин маросим дар аввали баҳор (охири ҳут ва аввали ҳамла), вақти гули бойчечаку сияҳгӯшу қароқош гузаронида мешавад. Бачаҳо барои ҷустуҷӯи гул ба саҳро мебаромадаанд ва ё ҳезумкаше вайро аз саҳро оварда, ба бачаҳо медодааст. Бачаҳои маҳалла ё гузар ва ё деҳа бегоҳирӯзӣ ба гулгардонӣ шурӯъ мекардаанд. Яке аз пурдонтари онҳо решаи пиёзмонанди гулро ба латтаи тар печонда (то ки зуд пажмурда нашавад) ба пеш мегузаштааст ва аз паси худ сурудхонон бачаҳои дигарро ҳавлӣ ба ҳавлӣ мебурдааст. Соҳиби ҳавлӣ ба бачаҳо ҳар чӣ аз бозёфти худ (мош, нахӯд, ҷаворимакка, биринҷ, зардолуи хушк, мавиз, ҷигда, нон ва ҳоказо) андаке тӯҳфа дода, гулро мебӯсидасту ба чашму абрӯи худ мемолидааст. Боз бачаҳо сурудхонон ба ҳавлии дигар мерафтаанд.
Тӯҳфаҳо дар халта, дар доман, дар тӯппӣ ва дар рӯмол алоҳида-алоҳида андохта мешаванд ва дар охир бачаҳо маслиҳат карда, чизҳои ҷамъкардаашонро ба хонаи ягон кампири бевазан бурда медадаанд. Бевазан рӯзи дигар аз он хӯроквориҳо барои бачаҳо ягон чиз пухта медадааст. Ё ҳамон бегоҳ тӯҳфаро бачаҳо байни худ тақсим мекардаанд.
Аксарияти иштирокчиёни гулгардонӣ фарзандони одамони меҳнатӣ: деҳқонон ва косибону ҳунармандон будаанд.
Матни асосии сурудро Сардори бачаҳо бо овози баланд ва бо оҳанги махсус мехондааст, дигарон бошанд пас аз ҳар банд бо як овоз «Бойчечак! Бойчечак!» гуфта, ҳамон оҳанги сурудро такрор мекардаанд. Чунончи:
Сардор: Бойчечака аслаш гул,
Гулзор макони булбул.
Дигарон: Бойчечак! Бойчечак!
Сардор: Таги остона гур-гур,
Хонаи мо нонба пур.
Дигарон: Бойчечак! Бойчечак!

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо