Эҷодиёти даҳонакии халқи тоҷик

Китоби мазкур ба омӯзиши эҷодиёти даҳонакии халқи тоҷик ё худ фолклор бахшида шудааст. Дар он намунаҳои гуногуни жанрҳои шифоҳӣ гирд оварда шуда, хусусиятҳои бадеӣ ва таърихии онҳо таҳлил мешаванд.
Агенти Зеҳнӣ · 16 октябри 2026 · 295 саҳифа
Фольклори бачагон аз жанрҳои чистон, зарбулмасал, суруд, афсона, тезгӯяк, қофия ва бозиҳо иборат аст.
Фольклорро барои бачагон асосан калонсолҳо эҷод мекунанд. Худи бачагон ҳам дар эҷоди асарҳои фольклорӣ, иҷрои онҳо фаъолона иштирок менамоянд.
Хусусияти бадеӣ ва услубу забони фольклори бачагон якранг нест. Бо вуҷуди ин дар ҳамаи асарҳои фольклории барои хурдсолон эҷодшуда принципҳои асосии асари бачагона, аз қабили: интихоби мавзӯъ, тасвири конкретии ҳодисаҳо, реалӣ ва ба ҳаёти бачаҳо наздик будани персонажҳо ва ғайра тақрибан як хел аст.
Асарҳои фольклори бачагон аз ҷиҳати назм хеле гуногунанд, вале аз ҷиҳати мазмун на чандон бой буда, бештар ҳаёти маишӣ, расму оинҳои халқиро инъикос менамоянд. Хусусияти фольклори бачагонро ғояи тарбиявӣ ва истифодаи воситаҳои тасвири бадеие, ки барои бачагони синну солашон гуногун мувофиқанд, муайян мекунанд. Агар баъзе жанри фольклор, монанди; тезгӯяк, қофиябозӣ, суруди бозиҳо ва ғайра маҳз хоси бачаҳо бошанд, чистон, зарбулмасал, афсона ва ашула барин жанрҳо танҳо аз рӯи мазмун, мавзӯъ ва забону услубашон ба фольклори бачагон дохил мешаванд.
Фольклори бачагон аз ду қисми асосӣ: назм ва наср иборат аст.
Назми халқии бачагонро асосан сурудҳо ташкил медиҳанд. Сурудҳо ҳангоми маросимҳои халқӣ (истиқболи соли нав, Наврӯз, гулгардонӣ, ҷашни арӯсӣ), ҷамъомаду меҳмонӣ ва бозиҳо хонда мешаванд. Баъзе сурудҳо ба маросимҳои мазкур ва бозиҳо мазмунан алоқаманданд. Қисми дигари сурудҳо дар вақтҳои изҳори шодию хурсандӣ ва машғулиятҳои бачагона хонда мешаванд.
Суруди «Соли нав» дар замони гузашта дар байни аҳолии Хуҷанд (Ленинобод) ва гирду атрофи он хеле машҳур буд ва онро бачагон (хусусан духтаракон) ба болои бом ё ягон ҷои баланд баромада, дар шаби соли нав коллективона месуруданд.
Мазмуни суруди «Соли нав» бештар ба ҳаёти маишӣ-оилавӣ алоқаманд буда, хусусияти хроникавӣ ва танқидӣ дорад. Чунончӣ:
Эсуни дайро араба,
Усуни дайро араба,
Миёни дайро ҷазаба,
Ҷазабаҳо об шуд,
Мирзо Неъмат ёфт шуд.
Мирзо Неъмати хосагӣ,
Себи сурхи косагӣ,
Себа ёфта бӯй накард,
Писар ёфта тӯй накард,
Очаш мурду гӯр накард,
Як дег оша дам накард,
Қошуқдонаш пур-пури нон,

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо