Зеҳн
Эҷодиёти даҳонакии халқи тоҷик

Китоби мазкур ба омӯзиши эҷодиёти даҳонакии халқи тоҷик ё худ фолклор бахшида шудааст. Дар он намунаҳои гуногуни жанрҳои шифоҳӣ гирд оварда шуда, хусусиятҳои бадеӣ ва таърихии онҳо таҳлил мешаванд.

Агенти Зеҳнӣ · 16 октябри 2026 · 295 саҳифа

АдабиётАфсонаФарҳанг
Аз аввал хондан

шад, ки инро махсусан дар ҳикояи ҳазломези «Кӯри қорӣ» равшан мушоҳида мекунем. Ин ҳикоя лавҳае аз саргузашти Ғуломшоҳ ном марди нобино буда, хусусияти воқеӣ доштааст. Ғуломшоҳ ба зане ошиқ шуда будааст, ки дар Соқипар ном деҳаи Сариҳосор зиндагӣ мекардааст. Ин деҳа аз ватани Ғуломшоҳ хеле дур будааст. Ғуломшоҳ роҳи дуру дарозро тай карда, аз кӯҳу деҳаҳо гузашта, ба мулоқоти маъшуқааш мешитофтааст.

Масхарабоз дутор ба даст гирифта, чашмашро нимпӯш карда, дар ҷои нишасташ пайкарашро ба ҷунбиш дароварда, ба мулоқот равон шудани Ғуломшоҳро намоиш медиҳад ва дар ин ҳолат дутор навохта, бо ҷӯшу хурӯш сурудҳои ишқӣ хонда, ба кадом деҳа расиданашро зуд-зуд пурсида меистад. Ҳар чӣ қадар, ки ба Соқипар наздиктар мешавад, ҳамон қадар ӯро бештар ҳаяҷон фаро мегирад. Ниҳоят хабар медиҳанд, ки ӯ ба манзили дилхоҳаш расидааст. Чеҳраи масхарабоз аз ғояти шавқу шодӣ медурахшад. Вале маъшуқаи бераҳму бешафқат ба ночиз будани савғотиҳои қорӣ ишора карда, ӯро аз даргоҳаш меронад. Қорӣ аламзадаву маъюс бармегардад.

Репертуари иҷрокунандагони драмаҳои халқии пьесаҳои гуногунро дар бар мегирад, ки қисме, чун пьесаҳои оид ба шикор, зоҳиран, дар замонҳои қадим, дар замоне, ки шикор сарчашмаи асосии зиндагии одамизод буд, ба вуҷуд омадаанд. Умуман, драмаҳои халқӣ бо меҳнат ва кору бори одамон маҳкам алоқаманд буда, ҷиҳатҳои гуногуни фаъолияти меҳнатии одамонро инъикос менамоянд.

Иҷрокунандагони драмаҳои халқӣ мардумро машғул ва андармон карда, ғами зиндагӣ ва кӯфти кору меҳнатро аз димоғи онҳо берун мекарданд ва нуқсонҳои иҷтимоӣ ва ҳаёти маишии табақаҳои ҳукмрон ва ё кирдорҳои нолойқи одамонро масхара карда, зарурати накӯкорӣ ва адолату инсофро тарғиб менамуданд. Драмаҳои халқӣ аз ҷумлаи ҳамон асарҳои фолклорӣ буданд, ки мақсаду мароми оммаи меҳнаткаш ва зиндадилӣ, ҳаётдӯстӣ барин хислатҳои неки аҳли меҳнат хеле барҷаста инъикос намуда, шавқи дили онҳоро намоиш медоданд.

АДАБИЁТ

  1. Н. Нурҷанов. Театри халқии тоҷик. М., 1956.
  2. Р. Амонов. Очерки эҷодиёти даҳонакии Кӯлоб. Душанбе, 1963.
  3. Н. Нурҷанов. Шуғлу мағлуб ва театри халқии тоҷикони Қаратегин ва Дарвоз. Душанбе, 1965.

ФОЛКЛОРИ БАЧАГОН

Хусусияти фолклори бачагон. Фолклори бачагон як қисми эҷодиёти даҳонакии халқ аст. Асарҳои бачагонаи халқӣ махсус саҳм дар ташаккули завқи бадеӣ ва инкишофи нутқи кӯдакон таъсири калон доранд.

пешина
аз 295
навбатӣ