Зеҳн
Эҷодиёти даҳонакии халқи тоҷик

Китоби мазкур ба омӯзиши эҷодиёти даҳонакии халқи тоҷик ё худ фолклор бахшида шудааст. Дар он намунаҳои гуногуни жанрҳои шифоҳӣ гирд оварда шуда, хусусиятҳои бадеӣ ва таърихии онҳо таҳлил мешаванд.

Агенти Зеҳнӣ · 16 октябри 2026 · 295 саҳифа

АфсонаФарҳангАдабиёт
Аз аввал хондан

Сардор: Тағи остона дутор,
Будем баҳорба хумор.
Дигарон: Бойчечак! Бойчечак!

«Бойчечак» суруди сервариант аст ва бо тартиби ягонаи анъанавӣ сароида мешавад.

Маросими гулгардонӣ аз омадани баҳор ва тайёрии деҳқонон ба киштукор хабар медиҳад.

Дар баъзе маҳалҳои ҷанубии Тоҷикистон, дар ноҳияҳои вилояти Самарқанд бо номҳои «Гули сиёҳгӯш» (қароқош) ва «Баҳор омад» одати гулгардонӣ мушоҳида мешавад, ки он ба маросими «Бойчечак» монанд аст. Аммо матни маросимҳои «Баҳор омад» ва «Гули сиёҳгӯш» аз «Бойчечак» фарқ дорад. Чунончӣ:

Сардор: Баҳор омад, баҳор омад,
Баҳори лолазор омад,
Баҳори сабзапӯш омад,
Гули лола ба ҷӯш омад.
Дигарон: Баҳори нав муборак бод!

Дар Бадахшон ҳам бачаҳо маросими истиқболи баҳор Сари сол ва Наврӯзро бо сурудхонию бозиҳо мегузаронидаанд.

Яке аз сурудҳои бачагон ҳангоми сайру гашт, бозӣ ва ҷамъомадҳо иҷро карда мешудаанд. Яке аз онҳо суруди «Лолачинакон» мебошад:

Се духтаракон будем,
Лолачинакон будем,
Давидему давидем,
Ҷӯи нав ба расидем,
Ҷӯи наваш обаш не,
Мирбачаяш хобаш не...

Суруди зеринро дар вақти бозии «Аргунчак» духтарон мехондаанд.

Аргунчаку белинчак,
Ман духтари келинчак,
Келинчак хамир кардааст,
Хезумаш ками кардааст,
Бобом ба ҳезум рафтааст,
Аргамчина гум кардааст,
Аргамчин ба боғи мо,
Себи сурх анори мо.
Аргунчаку белинчак,
Вақти хушу ҷоқи мо-хӯу...

Ин бозиро духтаракон махсусан дар рӯзҳои ҷашни Наврӯз, тӯй ва дигар ҷамъомадҳо ташкил мекардаанд.

Маросими суманак ҳам дар суруди бачаҳо инъикос шудааст. Бачаҳо ба деги суманак наздик намешудаанд, вале дар рақсу сурудхонии маросим иштирок менамудаанд. Масалан, дар Бухоро бачаҳо ба дари ҳавлии суманакпаз омада чунин суруд мехондаанд:

Бӯи баҳор аст суманак,
Рӯи баҳор аст суманак,

пешина
аз 295
навбатӣ