Зеҳн
Эҷодиёти даҳонакии халқи тоҷик

Китоби мазкур ба омӯзиши эҷодиёти даҳонакии халқи тоҷик ё худ фолклор бахшида шудааст. Дар он намунаҳои гуногуни жанрҳои шифоҳӣ гирд оварда шуда, хусусиятҳои бадеӣ ва таърихии онҳо таҳлил мешаванд.

Агенти Зеҳнӣ · 16 октябри 2026 · 295 саҳифа

АфсонаФарҳангАдабиёт
Аз аввал хондан

масалан, эпос, баъд аз сар шудани «истеҳсоли бадеӣ» бо шакли классикии худ ҳаргиз ба вуҷуд омада наметавонад»1.

К. Маркс қайд мекунад, ки мифология на танҳо ҷавҳар, балки асоси санъати Юнон гардидааст, «яъне табиат ва шаклҳои муносибатҳои ҷамъиятӣ дар ҳаёти халқ ба таври бадеии бешуурона кор карда шудаанд»2. Бинобар ин, ҳар навъи дигари инкишофи ҷамъиятӣ, ки табиати бо назари мифологӣ тасаввуршударо дар бар намегирад, барои санъат, чун дар Юнони қадим, замина ба вуҷуд оварда наметавонад.

«Оё,— мегӯяд К. Маркс,— он нуқтаи назари оид ба табиат ва оид ба муносибатҳои ҷамъиятӣ, ки асоси ҳаёти санъати юнониро ташкил додааст, дар ҳолати мавҷуд будани сельфакторҳо (мошинаҳои нахустини бофандагӣ), роҳи оҳан, локомотивҳо ва телеграфи электрикӣ ба вуҷуд омада метавонад?.. Ҳар гуна мифология дар тасаввурот қувваҳои табиатро шакл медиҳад, тобеъ ва бартараф мекунад ва аздусар баъди аз болои қувваҳои табиат комилан ҳукмрон шудан нопадид мегардад»3.

Дар ҳамон «Муқаддима» К. Маркс як масъалаи барои илми фолклоршиносӣ хеле муҳимро ба миён меоварад, ки он дар бораи аҳамияти эстетикии эҷодиёти бадеии халқ ва қувваи пуртаъсири он ба наслҳои оянда мебошад. К. Маркс дар бораи санъати Юнон ва эпос сухан ронда, қайд мекунад, ки «онҳо ҳанӯз ҳам ба мо завқи бадеӣ мебахшанд ва ба маънои муайяне аз ҷиҳати меъёр ва намунаи беназир будани худ аҳамияти худро гум накардаанд»4. Сабаби инро Маркс чунин шарҳ медиҳад:

«Одами калонсол аз сари нав кӯдак шуда наметавонад. Аммо магар ӯро соддалавҳии кӯдак хушҳол намекунад ва кӯшиши худи ӯ магар лозим нест, ки ҳақиқати аслиаш дар пояи олӣ аз нав барқарор шуда бошад?... Ва барои чӣ кӯдакии ҷамъиятии инсонӣ, ки вай дар он ҷо ҳамаи зебоиҳоро равнақ медод, ҳамчун пояи ҳеҷ гоҳ такрорнашаванда моро бо дилрабоии абадии худ набояд мафтун кунад? Кӯдакони тарбиятнадида ва кӯдакони чун калонсолон доно ҳастанд. Бисёре аз халқҳои қадимӣ ба ин категория дохил мешаванд. Кӯдакони аз ҳар ҷиҳат бекаму кост юнониҳо буданд. Дилрабоии санъати онҳо, ки моро мафтун кардааст, ба пояи ҷамъиятии тараққинокардаашон, ки ин санъатро парваридааст, муқобил намеистад. Баръакс, дилрабоии санъат маҳсули пояи ҷамъиятии тараққинокарда мебошад ва ин ҳарду ба ҳам зич пайваста аст, зеро муносибатҳои ҷамъиятии пухтанарасида, ки дар заминаи онҳо санъати дил-

1 Н. Морохин. Хрестоматия по истории русской фольклористики, М., 1973, стр. 9.
2 Ҳамон асар, саҳ. 10.
3 Ҳамон саҳифа.
4 Ҳамон саҳифа.

пешина
аз 295
навбатӣ