Эҷодиёти даҳонакии халқи тоҷик

Китоби мазкур ба омӯзиши эҷодиёти даҳонакии халқи тоҷик ё худ фолклор бахшида шудааст. Дар он намунаҳои гуногуни жанрҳои шифоҳӣ гирд оварда шуда, хусусиятҳои бадеӣ ва таърихии онҳо таҳлил мешаванд.
Агенти Зеҳнӣ · 16 октябри 2026 · 295 саҳифа
гоҳи чопӣ гуфторҳо (достонҳо), сурудҳо, музаҳо ва дар баробари онҳо заминаи зарурии назми эпикӣ ногузиран барҳам намехӯранд?»1
Аз ин сухани К. Маркс чунин хулоса баровардан лозим нест, ки гӯё дар давраи инкишоф ёфтани саноат эҷодиёти бадеии халқ ва, пеш аз ҳама, тамоми намудҳои жанри эпикӣ барҳам мехӯрда бошанд, зеро К. Маркс асосан дар бораи «шакли классикии» эпос сухан меронад.
Эпоси юнонӣ намунаи классикии ба таври узвӣ ба ҳамдигар омехташавии шакл ва мундариҷа мебошад. Тасаввуроти соддалавҳонаи мифологияи юнониҳои қадим дар бораи табиат ва ҷамъият дар образҳои хаёлии муайян таҷассум ёфтаанд. Маълум аст, ки ҳоло дар давраи революсияи илмӣ-техникӣ офаридани чунин образҳо, амсоли Прометей, Ахиллес, Геракл ва ғайра имконнопазир аст.
Дар ҳар давраи таърихӣ асарҳои бадеие ба вуҷуд меоянд, ки аҳамияти бузурге доранд. Аҳамияти ин асарҳоро то чӣ андоза идеали ҷамъиятӣ, ахлоқӣ ва эстетикии замони худро пурра ва чуқур ифода кардани онҳо муайян мекунад. К. Маркс ва Ф. Энгельс ба ҷумлаи чунин асарҳо сурудҳои халқии германӣ, скандинавӣ, ирландӣ ва балладаҳои қаҳрамонии қадимии Данияро дохил мекунанд.
Фикру мулоҳизаҳои К. Маркс дар бораи эпоси қадимии Юнон, ки дар «Муқаддима»-и китоби «Оид ба танқиди иқтисодиёти сиёсӣ» баён шудаанд, на фақат барои фаҳмидани пайдоиш ва аҳамияти ҷамъиятӣ ва бадеии санъат ва эпоси Юнон, балки барои донистани қонунҳои умумии санъат аҳамияти махсус доранд. К. Маркс қайд мекунад, ки давраи алоҳидаи болоравии санъат метавонад бо инкишофи умумии ҷамъият тамоман мувофиқат накунад. Масалан, гул-гулшукуфии санъат ва эпоси Юнони қадим дар пояи нисбатан пасти инкишофи ҷамъият имконпазир шудааст. Санъати антикӣ ва эпос дар асоси муносибати мифологии одамон ба ҳаёт инкишоф ёфтааст, инсон ҳанӯз дар амал не, балки фақат дар хаёлоти худ бар қувваҳои табиат ҳукмронӣ мекард. Ҳамин ки инсон бар қувваҳои табиат комилан ҳукмрон мешавад, мифологияи Юнон барҳам мехӯрад. Аз ин чунин хулоса мебарояд, ки эпосро дар давраи хеле инкишофёфтаи муносибатҳои ҷамъиятӣ, масалан, дар давраи капитализм, дар он шакле, ки юнониёни қадим офаридаанд, пешниҳод кардан мумкин нест. Ин гуфтаҳои К. Маркс дар бораи шароитҳои пайдоиши эпоси қадимии Юнон ва қимати бадеию адабии он ба эпоси ҳамаи халқҳо тааллуқ дошта метавонанд.
Дар «Муқаддима»-и китоби «Оид ба танқиди иқтисодиёти сиёсӣ» К. Маркс доир ба санъат мулоҳизаҳои махсусе дорад. Ӯ мегӯяд: «Эътироф карда шудааст, ки баъзе шаклҳои санъат,
1 Ҳамон саҳифа

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё