Зеҳн
Эҷодиёти даҳонакии халқи тоҷик

Китоби мазкур ба омӯзиши эҷодиёти даҳонакии халқи тоҷик ё худ фолклор бахшида шудааст. Дар он намунаҳои гуногуни жанрҳои шифоҳӣ гирд оварда шуда, хусусиятҳои бадеӣ ва таърихии онҳо таҳлил мешаванд.

Агенти Зеҳнӣ · 16 октябри 2026 · 295 саҳифа

АфсонаФарҳангАдабиёт
Аз аввал хондан

рабо ба вуҷуд омад ва танҳо дар ҳамон замина ба вуҷуд омаданаш мумкин буд, ҳеҷ гоҳ аз нав такрор шуда наметавонад»¹.

К. Маркс таъкид мекунад, ки дар давраҳои таърихии минбаъда аз навзиндашавии баъзе шаклҳои санъати замонҳои гузашта номумкин аст.

К. Маркс ва Ф. Энгельс гаштаю баргашта қайд мекунанд, ки эҷодиёти бадеии халқ бо ҳаёт ва таърихи халқ алоқаи зич дорад. Бинобар ин дар суруд, зарбулмасал, чистон, афсона ва латифаҳои халқӣ баъзе маълумотҳои ҷудогонаро оид ба замонҳои гузашта пайдо кардан мумкин аст. Албатта, фолклор ҳуҷҷати аниқи таърихӣ набошад ҳам, вале дар он ба таври бадеӣ таърихи халқ инъикос ёфтааст. Ф. Энгельс дар китоби «Пайдоиши оила, мулки хусусӣ ва давлат» борҳо ба суруд ва афсонаю ривоятҳои халқӣ муроҷиат карда, аз онҳо дар хусуси дар Россия мавҷуд будани общинаҳои оилавӣ, ки сардорашон падарон буда, ба ҳамаи ҷавонзанон ихтиёри беҳудуде доштаанд, далелҳо пайдо мекунад.

Ба сифати материалҳои иловагии таърихӣ-этнографӣ истифода шудани асарҳои фолклориро дар «Диалектикаи табиат» ва дигар асарҳои К. Маркс ва Ф. Энгельс низ мушоҳида кардан мумкин аст.

К. Маркс ва Ф. Энгельс аҳамияти тарғиботии сурудҳоеро, ки дар давраи авҷи ҳаракатҳои революсионӣ ба вуҷуд омадаанд, нишон дода, қайд мекунанд, ки ин сурудҳо мазмун ва характери ҳаракатҳои революциониро ифода намуда, ба муттаҳидшавии оммаи меҳнаткашон ёрӣ мерасонанд ва онҳоро дар мубориза барои озодӣ рӯҳбаланд месозанд.

Он асарҳои К. Маркс ва Ф. Энгельс, ки ба ҳаракатҳои револююнии Европаи Шарқии солҳои чилуми асри XIX мансубанд, пур аз иқтибос, ишора ва баҳодиҳӣ ба он сурудҳо мебошанд, ки онҳоро пролетариат дар солҳои болоравии ҳаракати революционӣ тараннум мекард.

К. Маркс ва Ф. Энгельс ба «Марсельеза» баҳои баланд медиҳанд ва исрор менамоянд, ки «Марсельеза» суруди давраи революсияи буржуазии Франция буда, дертар ба суруди машҳури революционнии пролетариати байналхалқӣ табдил меёбад.

К. Маркс ва Ф. Энгельс дар бораи бо назари танқидӣ омӯхтани фольклор. К. Маркс ва Ф. Энгельс омӯзиши эҷодиёти бадеии халқ ва нашри маҷмӯаҳои суруду афсонаҳои халқиро кори муҳим медонистанд ва ҳар як маҷмӯаи фольклориро, ки дар замони онҳо чоп мегардид, бо мароқ мутолиа мекарданд. Вале асосгузорони коммунизми илмӣ ба сифати маҷмӯаҳои асарҳои халқӣ диққати махсус медоданд ва бо ҳар саҳву хатоҳое, ки дар ин гуна маҷмӯаҳо роҳ меёфтанд, муносибати оштинопазир доштанд. Масалан, Ф. Энгельс соли 1839 таҳти унвони «Китобҳои халқии немис» мақолаи махсусе навишта, дар он яке аз

1 Ҳамон саҳифа.

пешина
аз 295
навбатӣ