Эҷодиёти даҳонакии халқи тоҷик

Китоби мазкур ба омӯзиши эҷодиёти даҳонакии халқи тоҷик ё худ фолклор бахшида шудааст. Дар он намунаҳои гуногуни жанрҳои шифоҳӣ гирд оварда шуда, хусусиятҳои бадеӣ ва таърихии онҳо таҳлил мешаванд.
Агенти Зеҳнӣ · 16 октябри 2026 · 295 саҳифа
Ф. Энгельс дар асари машҳури худ «Пайдоиши оила, мулки хусусӣ ва давлат» аз «Миф дар бораи интикоми Орест аз модараш ба сабаби куштани падари ӯ» истифода карда, собит менамояд, ки дар ин миф муборизаи байни ҳуқуқи барҳамхӯрдаистодаи модар ва ҳуқуқи ғалабакардаистодаи падар инъикос шудааст.
К. Маркс ва Ф. Энгельс дар асарҳои худ борҳо қайд намуданд, ки қимати таърихии фолклорро пеш аз ҳама, таърихан дуруст баҳо додани халқ ба ҳодисаҳои гуногуни ҳаёт ва ифода ёфтани рӯҳияи халқи меҳнатӣ муайян мекунад. Ф. Энгельс масъалаи ба фолклори Ирландия хос будани ифодаи оҳангҳои хузнангезро эзоҳ дода менависад, ки ба миён омадани ин ҳодиса на ба шароити табиии халқҳои Шимол ва на ба рӯҳияи миллии онҳо, чунон ки сентименталистҳо ва романтикҳо ҳамин тавр мепиндоштанд, балки маҳз ба таърихи ҳаёти фоҷиавии халқи меҳнаткаши Ирландия алоқаманд мебошад.
К. Маркс дар ибтидои солҳои ҳафтодум китоби Н. И. Костомаров «Исъёни Стеньки Разин»-ро, ки дар он намунаи сурудҳои таърихии ба ҳаракати озодихоҳони Степан Разин бахшидашуда зикр гардидаанд, конспект мекунад. Вай аз рӯи сурудҳои китоби мазкур муайян мекунад, ки халқи заҳматкаши рус нисбат ба ин қаҳрамони худ ва шарикони ӯ чӣ муносибате доштааст. «Дар байни халқи оддӣ, — менависад ӯ, — онҳо (Разин ва ҳамроҳони вай) сазовори ҳисси хайрхоҳӣ шудаанд... Амалиёти онҳоро дар сурудҳо тараннум кардаанд ва ғайра, онҳо дар назари халқи оддӣ ба маънои томи ин калима роҳзанҳои муқаррарӣ набуданд... Худи онҳо дар сурудҳояшон дар бораи худ мегӯянд: «Мо на дуздему на роҳзан, мо шермардони накӯкор ҳастем»1.
К. Маркс ва Ф. Энгельс эҷодиёти халқро ҳамчун манбаи таърихӣ истифода бурда, ба ҳамин восита тасаввуроти нодурустеро дар бораи он, ки фолклор гӯё ҳамчун санъат бо ҳаёт ҳеҷ гуна муносибат надошта бошад, барбод мезананд. Таълимоти асосгузорони коммунизми илмӣ оид ба масъалаҳои муҳимтарини назарияи фолклор, махсусан доир ба пайдоиш ва процесси инкишофи эҷодиёти бадеии халқ, роҷеъ ба тақдири фолклор дар давраи тараққиёти ҷамъият, дар бораи роли пролетариат дар инкишофи эстетикаи халқӣ аҳамияти бузург доранд.
К. Маркс ва Ф. Энгельс дар бораи пайдоиши фолклор. Масъалаи пайдоиши фолклор аз тарафи К. Маркс ва Ф. Энгельс вобаста ба тадқиқи проблемаҳои умумии инкишофи маданияти инсоният ҳал карда шудааст. Қайдҳои ҷудогонаи К. Маркс ва Ф. Энгельс, ки ба проблемаи пайдоиши фолклор алоқаманданд, дар асарҳои классикии онҳо: «Диалектикаи табиат», «Муқаддима «Оид ба танқиди иқтисодиёти сиёсӣ», «Пайдоиши оила, мулки хусусӣ ва давлат», «Оид ба таърихи гер-
1 К. Маркс и Ф. Энгельс. Об искусстве. Т. 1, стр. 493.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё