Эҷодиёти даҳонакии халқи тоҷик

Китоби мазкур ба омӯзиши эҷодиёти даҳонакии халқи тоҷик ё худ фолклор бахшида шудааст. Дар он намунаҳои гуногуни жанрҳои шифоҳӣ гирд оварда шуда, хусусиятҳои бадеӣ ва таърихии онҳо таҳлил мешаванд.
Агенти Зеҳнӣ · 16 октябри 2026 · 295 саҳифа
маниҳои қадим» ва ғайра зикр шудаанд. Мулоҳизаҳои онҳо дар якҷоягӣ дар бораи пайдоиши умуман санъат ва, аз он ҷумла, дар бораи пайдоиши фолклор маълумоти ҳартарафаро дар бар мегиранд.
К. Маркс ва Ф. Энгельс нишон медиҳанд, ки эҷодиёти халқ дар процесси фаъолияти меҳнатию ҷамъиятии инсон ба вуҷуд меояд. Ин эҷодиёт дар ибтидо бешуурона буд. Шикорчие, ки дар рӯи ҳарсанги кӯҳ расми ҳайвонеро мекашид ва ё дар бораи мубориза бо дарранда ба авлоди худ ҳикояте мегуфт, образеро меофарид, вале худ онро дарк намекард. Дар ин мавриди, ба гуфти К. Маркс, табиат ва сохти ҷамъиятӣ дар хаёлоти халқ ҳамчун образи бешууронаи бадии муҷАССАМ мегардид. Худи «асарҳои санъат» дар он замон аз фикру андешаҳои реалию амалии зиндагӣ ба вуҷуд неомаданд: расм роҳи шикорчиро нишон медод, рақс ҳаракати парранда ва ҳайвонро такрор мекард ва номаълум ба он наздик шуданро меомӯхт, суруд танзимгари оҳанги процесси меҳнат мегардид ва ғайра1.
Ба қавли А. В. Луначарский, ки намунаи хуби шарҳу баёни назарияи марксисти-ленини оид ба пайдоиши санъат ба қалами ӯ тааллуқ дорад, фолклори ҷамъияти ибтидоӣ ба сифати яке аз воситаҳои муборизаи доимӣ барои ҳаёт хизмат кардааст.
Утилитаризм (манфиатпарастӣ)-и санъати ҷамъияти ибтидоӣ аҳамияти ҳиссиёти табиии инсонро (дар процесси ташаккулаш) аз эътибор соқит намекард. Ин процесс вобастагии тарафайн дошт. Барои он ки осори санъат ба вуҷуд ояд, бояд эҳсосоти инсон тараққӣ карда бошад.
Аммо эҳсосоти инсонӣ танҳо ба туфайли мавҷуд будани предмети дахлдор ба вуҷуд омада метавонист. Расмуои дар ҳарсанг кашидашуда, табар ва дигар маҳсулоти фаъолияти меҳнатии коллектив «ҳиссиёти табиии инсон»-ро, ки аз ҳиссиёти ҳайвон тафовут дорад, кашф кардаанд ва қобилияти ӯро дар эҷодиёти бадеӣ ташаккул додаанд; ба қувваҳои маънавии ӯ ёрӣ расонидаанд, ки аз асорати «эҳтиҷуоти густохи зиндагӣ» озод шаванд. Вульгаризаторҳои марксизм роли дигар омилҳоро ба ҳисоб нагирифта, пайдоиши фолклорро бевосита ба процесси меҳнат вобаста мекарданд. Кашф кардани табар, ки олоти қадимтарини меҳнат аст, ҳанӯз зуҳуроти санъат ҳисоб намешуд, аммо инсон аз ин «эҷоди» худ ҳаловат мебурд. Талабот ба такрори ин ҳиссиёт тадриҷан ҳосил мешавад. Инсон фақат аз сохтани дастаи табар қонеъ намешавад, сохтани дастаи хубтар талаботи нави ӯ мегардад. Ҳамин буд, ки мо дар олоти меҳнатии қадимзамон ҳар гуна ороиш, нақшу нигор ва расмҳоро мушоҳида менамоем. Аввал инсон дар бораи шикори худ танҳо фактҳоро нақл мекард. Аммо таҷрибаи зиндагӣ, муқоисаи воқеаҳои барҷаста бо ҳодисаҳои начандон ҷолиби диққат
1 Ҳамон асар, саҳ. 135.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё