Зеҳн
Эҷодиёти даҳонакии халқи тоҷик

Китоби мазкур ба омӯзиши эҷодиёти даҳонакии халқи тоҷик ё худ фолклор бахшида шудааст. Дар он намунаҳои гуногуни жанрҳои шифоҳӣ гирд оварда шуда, хусусиятҳои бадеӣ ва таърихии онҳо таҳлил мешаванд.

Агенти Зеҳнӣ · 16 октябри 2026 · 295 саҳифа

АфсонаФарҳангАдабиёт
Аз аввал хондан

К. Маркс ба «Суруди бофандагон»-и Силезия гаштаю баргашта диққат медод. Мундариҷаи ин суруд бар хилофи ақидаҳои баъзе роҳбарони социал-демократи немис буд, ки онҳо дар бораи ҳанӯз ба дараҷаи синфӣ нарасидани пролетариати Германия ва дар бораи ба шӯриш тайёр набудани он суханҳои беасос мегуфтанд. К. Маркс далелҳои онҳоро рад карда, ба «Суруди бофандагон», ки ҳангоми шӯриши соли 1844 дар Силезия эҷод шудааст, ишора мекунад. Ӯ мегӯяд: «Пеш аз ҳама «Суруди бофандагон»-ро ба хотир оред, ки ин суруд даъвати далерона ба муборизааст, ки дар он дар бораи оила, фабрика ва округ чизе гуфта нашуда бошад ҳам, вале пролетариат ҳамоно бо қатъияти муайян, ба таври ошкоро ва омирона бо овози баланд изҳор мекунад, ки вай ба моликияти хусусӣ муқобил аст. Шӯриши Силезия маҳз баъди дарк карда шудани моҳияти пролетариат, ки онро шӯришҳои коргарии Франция ва Англия ба субут расонида буданд, сар мешавад»¹.

«Суруди бофандагон» бовариро ба синфи коргар тасдиқ кунонд, ба мардонагӣ ва зарурати ба наздик будани озодӣ умеду рӯҳбаландӣ бахшид.

Ба ақидаи К. Маркс ва Ф. Энгельс эҷодиёти ҳақиқии халқ барои ташаккули нуқтаи назари сиёсӣ, ахлоқӣ ва бадеии ҷамъият кӯмак мерасонад. Доҳиёни пролетариат бо қаноатмандӣ қайд мекунанд, ки ба асарҳои халқӣ завқу ҳаваси мещанӣ, оҳангҳои ноумедӣ ва афтодарӯҳӣ, ки барои адабиёти буржуазӣ хос аст, бегона мебошад.

Классикони марксизм дар бораи қимати таърихӣ ва маърифатбахшии фольклор. Дӯст ва ҳамкори К. Маркс Поль Лафарг дар бораи эҷодиёти халқ гуфтааст: «Эҷодиёти халқ... аз ҳаёти худи оммаи халқ ба вуҷуд меояд... Бародарон Гримм дар ҳақиқат тасдиқ карда метавонистанд, ки онҳо дар сурудҳои халқӣ ягон калимаи дурӯғро пайдо накардаанд, Виктор Гюго бошад, гуфта метавонист, ки дар Илиада тасвири ягон хислати нодуруст мушоҳида намешавад. Ва эътибори ин гуна аникию ҳаққоният адабиёти даҳанакӣ нисбат ба ҳар як асари фарди ҷудогона бештар қимати таърихӣ дорад. Бинобар ин аз вай нотарсида, шубҳа накарда, бо дили осуда истифода кардан мумкин аст»².

К. Маркс ва Ф. Энгельс дар асарҳои худ образҳои мифологӣ ва эпоси халқиро хеле хуб таҳлил намуда, аз рӯи онҳо шакли муносибатҳои ҷамъиятӣ, робитаи оилавӣ-хешу ақрабоӣ, тасаввуроту нормаҳои ҳуқуқ ва ахлоқи ҷамъиятии ибтидоию антиқӣ ва асрҳои миёнаро муайян кардаанд. Онҳо образҳои бадеии эҷодиёти даҳанаки халқро ҳуҷҷати пуркимати таърихӣ, архелогӣ, антропологӣ ва ғайра мешумориданд.

1 Ҳамон асар, сах. 559.
² П. Л а ф а р г. Очерки по истории культуры. М.-Л., 1926, стр. 26.

пешина
аз 295
навбатӣ