Зеҳн
Эҷодиёти даҳонакии халқи тоҷик

Китоби мазкур ба омӯзиши эҷодиёти даҳонакии халқи тоҷик ё худ фолклор бахшида шудааст. Дар он намунаҳои гуногуни жанрҳои шифоҳӣ гирд оварда шуда, хусусиятҳои бадеӣ ва таърихии онҳо таҳлил мешаванд.

Агенти Зеҳнӣ · 16 октябри 2026 · 295 саҳифа

АфсонаФарҳангАдабиёт
Аз аввал хондан

гуфтан мегиранд. Одатан ба ин хел байтҳо номи рақибе зикр мешавад. Рақиб низ, дар навбати худ, бояд ҷавоб гардонад. Ӯ дар ҷавоб байте шунида, боз ҷавоб мегардонад. Ин хел му- собиқа баъзан ғоибона ҳам давом мекунад. Ҷавоне дар ҳаққи ягон духтар ғоибона байт мехонад. Байтро ба гӯши духтар мерасонанд. Духтар дар ҷавоб байте гуфта мефиристад. Байт- барак дар ин маврид, чунон ки С. Мирсаидов қайд мекунад, диққати бисёр касон ба худ кашида, ба ҳодисае табдил ме- ёбад. Азбаски ин ҳодиса дар ҳаёти ҳаррӯзаи мардум ҷой до- рад, ҳатман ба пайдо шуда истодани байтҳои нав ва тағйир ёфтани байтҳои кӯҳна сабаб мешавад.

Байтҳоро монандӣ рубоиҳо дар маъракаҳои халқӣ низ ба таври васеъ истифода мекунанд. Хешу табори марҳум дар вақ- ти навҳаву нола ва овозандозӣ ба тавассути нақарот аз байтҳои ғамангез суруди ҳаяҷонангезе тартиб медиҳанд ва дар айни замон бадеҳатан байтҳо эҷод карда, ба ин суруд илова мена- моянд. Мардуми Зарафшону Шаҳристон ба як қисми сурудҳои маросимии худ, аз ҷумла, сурудҳои тӯй, байтҳои маъмули маз- мунан ба хусусияти ин сурудҳо мувофиқро истифода мекунанд, инчунин аз байтҳо сурудҳо тартиб медиҳанд, ба монанди он ки мардуми Ҳисору Кӯлоб ва Ғарму Дарвоз барои сурудҳои гуно- гуни маросимӣ ва ғайримаросимӣ аз рубоиҳо истифода меба- ранд.

Эҷодкунандагони байтҳои халқӣ аксар духтарому ҷавонони ошиқ, занҳои аламзада ё мардони ғарибанд. Ҳар кадом бо за- бони оддӣ байте гуфта, ба воситаи он аз ҳоли худ арз мена- мояд ва ё муносибаташро ба ҳодисаҳои зиндагӣ баён ме- кунад, аз воқеаме сухан меронад ва ё ба касе савол медиҳад. Хулоса, ҳар як байт сухани ба ягон муносибат гуфтанӣ ин ва ё он шахс аст.

Мундариҷаи байтҳо. Қисми асосии байтҳои тореволютсионӣ ба масъалаҳое бахшида шудаанд, ки барои зиндагии мардуми деҳаҳои саргаҳи Зарафшон аҳамияти махсус доштанд. Тарзи тасвири ин масъалаҳо дар байтҳо асосан се наъ аст. Аввалан, шахси дар байт амалкунанда ва гӯяндаи байт муносибати худро ба ин ва ё он воқеаи ҳаётии шахсию ҷамъиятӣ ва зимнан ҳолати аз таъсири ин воқеаҳо ҳосилшудаи худро изҳор меку- над. Сониян, дар бораи ин воқеаҳо ба фикр рафтан, ба хаёл ғӯта хӯрдани худро арз менамояд, яъне фикри хаёли ӯ мавзӯи ин гурӯҳи байтҳо қарор гирифтааст. Дар қисми дигари байтҳо ягон унсури ҳодисаҳои зиндагӣ ва табиат тасвир меёбад.

Дар ҷамъияте, ки дар натиҷаи қонунҳои асоратовари патри- архалӣ ҳама гуна озодии шахсӣ дар ташкили сила ва ҳаёти оила- вӣ манъ шуда, никоҳи маҷбурӣ ҷорӣ гардида буд, ишқ барои як шавку тақозои пурзӯри табиати одамӣ ба масъалаи муҳими ҳаёти бисёр касон табдил ёфта буд. Вобаста ба ин изҳори му- хаббат мавзӯи қисми муҳими байтҳои ишқӣ қарор гирифта- аст. Дар байтҳо ин ҳодиса бештар дар шакли муроҷиат сурат

пешина
аз 295
навбатӣ