Эҷодиёти даҳонакии халқи тоҷик

Китоби мазкур ба омӯзиши эҷодиёти даҳонакии халқи тоҷик ё худ фолклор бахшида шудааст. Дар он намунаҳои гуногуни жанрҳои шифоҳӣ гирд оварда шуда, хусусиятҳои бадеӣ ва таърихии онҳо таҳлил мешаванд.
Агенти Зеҳнӣ · 16 октябри 2026 · 295 саҳифа
Ҳамаи ин касро ба чунин хулоса меоварад, ки байт таърихи қадимӣ дорад.
Мавқеи байт дар ҳаёти маънавии мардум. То имрӯз ривоҷ доштани эҷоди байт яқинан сабаби таърихӣ дорад. Гӯяндаҳои байт дар байни мардум кам нестанд ва протсесси доимӣ будани байтгӯиро қайд кардан мумкин аст. Ҳар байти навэҷоде, ки мазмун ва санъати дилчаспе дораду диққати мардумро ба худ ҷалб мекунад, зуд паҳн шуда меравад ва дар хотирҳо маҳфуз мегардад. Ба суръати паҳншавӣ ва дар хотир мондани байтҳо хурдии ҳаҷми онҳо кам мусоидат намекунад.
Дар саргаҳи Зарафшон шахсони зиёде дучор кардан мумкин аст, ки садҳо байт медонанд. Байтдонҳо дар байни бачагон ҳам кам нестанд. Ба байтдонӣ махсусан шавқи ҷавонон калон аст. Дар ҳар деҳа чӣ дар байни писарон ва чӣ дар байни духтарон шахсоне вомехӯранд, ки то 400—500 байт аз ёд гуфта метавонанд.
Ба байтдонӣ, алалхусус, як одате, ки дар байни ҷавонон ривоҷ дорад, мусоидат мекунад. Ин одат як навъ мусобиқа дар гуфтани байтҳост. Ин хел мусобиқа агар дар ноҳияҳои ҷанубии ҷумҳурӣ асосан дар байни ҳофизон давом кунад, дар саргаҳи Зарафшону Шаҳристону Ғончӣ машғулияти умумии ҷавонон қарор гирифта, чун соҳаи муҳими ҳаёти маънавии онҳо ба расмият даромадааст. Дар маъракаҳои ҷавонон, ки одатан баъди кор дар ҳар ҷои каму беш мувофиқ (дар меҳмонхонаҳо, хонаи шахсе, дар саҳро ва ё майдоне) барпо мегардад, дар тӯю тамошо, гаштакҳо ва ҳар гуна шабнишиниҳо як нафар байте мегӯяд, шахси дигар ба ӯ ҷавоб мегардонад ва ҳамин хел байтбарак шурӯъ гардида, касе бой медиҳад, ки байтҳои азбаркардааш ба ҷавоб гуфтан кифоят накунад. Мусобиқаи мазкурро «байтҳӯрак» ё худ «байтгузаронак» ҳам меноманд.
С. Мирсаидов қайд мекунад, ки байтбарак дар вақти корҳои саҳроии колхоз низ ба амал меояд: «Ҷавоне ба гурӯҳи духтарони машғули кор ягон байт мегӯяд. Масалан:
Эй ғунҷаи гул, ба ҳар сари кор марав,
Бо гуфтани одамони бадкор марав!
Духтарон байтро шунида завқ мекунанд. Яке аз духтарони шӯх ё ки оне, ки байт бевосита ба ӯ дахл дорад, «ҷавоб» ме-гардонад. Ба ҳамин тариқа байтгузаронак давом кардан ме-гирад. Дар ин вақт ҷавонон ва духтарон на фақат байтҳои ме-донистагии худро мегӯянд, балки бевосита дар ҳаққи якди-гар байт эҷод ҳам мекунанд, ки онро дар халқ «байтмонӣ» мегӯянд»1.
Дар мавриди «байтмонӣ» байти тамоман нав гуфтан шарт нест. Байтҳои маъмулро низ мувофиқи вазъият таҷдид карда
1 С. Мирсаидов. Байт ҳамчун жанри фольклорӣ. Журн. «Шарқи Сурх», 1964, № 11, саҳ. 155.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё