Зеҳн
Эҷодиёти даҳонакии халқи тоҷик

Китоби мазкур ба омӯзиши эҷодиёти даҳонакии халқи тоҷик ё худ фолклор бахшида шудааст. Дар он намунаҳои гуногуни жанрҳои шифоҳӣ гирд оварда шуда, хусусиятҳои бадеӣ ва таърихии онҳо таҳлил мешаванд.

Агенти Зеҳнӣ · 16 октябри 2026 · 295 саҳифа

АдабиётАфсонаФарҳанг
Аз аввал хондан

таъкид карда буд: «Ман бо маслиҳати дӯстона муроҷиат мекунам ва ин маслиҳати маро ҳамчун хоҳиш ба вакилони миллатҳои Кавказ ва Осиёи Миёна фаҳмидан мумкин аст... Такрор мекунам: ибтидои санъати сухан дар фольклор аст. Фольклори худатонро ҷамъ кунед, аз он омӯзед, онро аз нав кор карда бароед. Вай ҳам ба шумо ва ҳам ба мо, шоирон ва нависандагони Иттифоқ материали фаровоне медиҳад».1

Аҳамияти омӯхтани фольклор. Эҷодиёти бадеии даҳанакии халқ ҳамчун як қисми илмҳои филология дар мактабҳои миёнаи маълумоти умумӣ ва дар факултетҳои филологияи мактабҳои олӣ омӯхта мешавад. Халқ дар эҷодиёти бадеии худ дар бораи ҳаёт, меҳнат, ҳиссиёт ва орзую омоли худ ақидаҳои эстетикиашро баён мекунад. А. Н. Толстой хеле хуб гуфтааст: «Адабиёти халқ ҳамеша ҳаракатҳои халқиро инъикос мекард, на танҳо инъикос мекард, балки онҳоро пешгӯӣ ва тайёр мекард».2 Аз рӯи асарҳои фольклорӣ на фақат бо таърихи халқ, бо меҳнат ва зисту зиндагии он шинос шудан, балки оид ба хислатҳои миллии он тасаввурот пайдо кардан мумкин аст.

Қимати бадеии фольклор низ бузург аст. Дар вай хаёлоти бадеӣ-эҷоди ниҳоят бой, мундариҷаи ғоявӣ хеле амиқ буда, он дорои образҳои барҷастаи гуногун ва забони соддаи пуробу ранг мебошад. Фольклор дар тарбияи ватандӯстии ҷавонон аҳамияти беандоза дорад. Н. Г. Чернышевский навиштааст, ки эҷодиёти бадеии халқ «...барои ҳар касе, ки Халқи худро дӯст медорад, мароқовар ва азиз аст. Чизи азизро дӯст надоштан мумкин нест».3 Халқ дар эпос, суруд, афсона, зарбулмасал, чистон ва рубоиёти худ ҳиссиёти самимии ватандӯстонаашро ифода кардааст. Дар фольклор ақидаҳои зиддидинӣ, инсондӯстӣ, адолатпарварӣ, вафодорӣ, дӯстию бародарӣ, коллективизм, меҳнатдӯстӣ, диловарии ва ғайра ифода шудаанд, ки онҳо барои дар рӯҳи коммунистӣ тарбия кардани ҷавонони мо аҳамияти калон доранд.

Омӯхтани фольклор аз ин ҷиҳат ҳам аҳамият дорад, ки он дар бобати пурра ва амиқ фаҳмидани процесси инкишофи адабиёти бадеӣ ва хусусиятҳои эҷодиёти шоиру нависанда кӯмак мерасонад. Фольклорро надониста маълумоти мукаммали филологӣ ба даст овардан мумкин нест.

АСОСГУЗОРОНИ МАРКСИЗМ-ЛЕНИНИЗМ ДАР БОРАИ ФОЛЬКЛОР ВА ФОЛЬКЛОРШНОСӢ

Дар тадқиқи эҷодиёти бадеии халқ назарияи марксистӣ-ленинӣ, ки қонунҳои умумии инкишофи ҷамъияти инсонӣ ва ша-

1 М. Горький. О литературе, стр. 729.
2 Н. Толстой. О литературе. М., 1956, стр. 26.
3 Н. Г. Чернышевский. Полн. собр. соч., 15 томах. Т. 2., М., 1949, стр. 308.

пешина
аз 295
навбатӣ