Зеҳн
Эҷодиёти даҳонакии халқи тоҷик

Китоби мазкур ба омӯзиши эҷодиёти даҳонакии халқи тоҷик ё худ фолклор бахшида шудааст. Дар он намунаҳои гуногуни жанрҳои шифоҳӣ гирд оварда шуда, хусусиятҳои бадеӣ ва таърихии онҳо таҳлил мешаванд.

Агенти Зеҳнӣ · 16 октябри 2026 · 295 саҳифа

АфсонаФарҳангАдабиёт
Аз аввал хондан

роитҳои иҷтимоию таърихии ба вуҷуд омадани санъати суханро муайян мекунад, аҳамияти махсус дорад.

Таваҷҷӯҳи К. Маркс ва Ф. Энгелс ба фолклор. Асосгузорони таълимоти коммунизми илмӣ К. Маркс ва Ф. Энгелс ба эҷодиёти халқ шавқу ҳаваси калон доштанд. Онҳо фолклори халқи худ ва эҷодиёти даҳонакии халқҳои дигарро хеле хуб медонистанд, бо сурудҳои скандинавӣ, таронаҳои ирландӣ, достонҳои русӣ нағз шинос буданд.

К. Маркс ҳанӯз дар овони ҷавонияш маҷмӯаи сурудҳои халқии немисиро тартиб додааст. Ӯ дар осори худ, ки ба солҳои ҷавониаш мансубанд, образҳои фолклори халқи худро хеле васеъ истифода кардааст.

Дертар К. Маркс ба мутолиаи афсона ва сурудҳои халқӣ мунтазам машғул мешуд. Ӯ фарзандонашро дар атрофи худ шинонда, ба онҳо бо шавқу ҳаяҷон воқеаҳои афсонавию хаёлӣ ва мифологияи халқии юнонӣ, немисӣ, англисӣ ва славяниро, ки аз маҷмӯаҳо хондааст, нақл мекард ва худи ӯ аз забони дигарон шунидани асарҳои фолклориро хеле дӯст медошт.

Ф. Энгелс бо хоҳиши ҳофизи машҳури халқӣ Ж. Риссе ба маҷмӯаи сурудҳои ирландӣ сарсухан навиштааст ва чанд кори илмии худро ба эҷодиёти халқ бахшидааст, ки «Китобҳои халқии немис», «Чашни Рейн» ва «Рӯҳонии Брэй» аз ҷумлаи онҳоанд. Ӯ дар бораи сурудҳои халқии немис сухан ронда, масъалаи дар тамоми Германия машҳур будани ин сурудҳо ва дар онҳо ифода ёфтани афкори сиёсию иҷтимоии мардуми ҷафокашро бо мамнуният қайд менамояд.

Ф. Энгелс афсонаҳои халқиро бештар барои он дӯст медошт, ки дар онҳо олами мӯъҷизот, ки ба ҳаёти тираи капиталистии ҳеҷ монандӣ надорад, ба таври барҷаста тасвир гардидаанд. Ф. Энгелс навиштааст: «Китобҳои халқии қадимӣ ба сабаби басе дилрабою нафис будани худ маро мафтун месозанд... Онҳо маро аз «тартибот, нохушӣ ва муносибатҳои нозуки байниҳамдигарӣ»-и сарбастаи замони мо ба олами ба табиат хеле наздик раҳнамун месозанд»1.

Шавқу мароқи К. Маркс ва Ф. Энгелс ба эҷодиёти даҳонакии халқ то охири умрашон боқӣ мемонад. Вақте ки К. Маркс дар панҷоҳсолагиаш ба омӯхтани забони русӣ шурӯъ менамояд, дар байни китобҳои аввалини барои хондан гирифтан ӯ маҷмӯаи суруд ва афсонаҳои халқии русӣ низ мавҷуд буд.

К. Маркс ва Ф. Энгелс дар бораи аҳамияти тарбиявии фольклор. К. Маркс ва Ф. Энгелс фольклорро, пеш аз ҳама, барои
ғоя ва санъати баланди бадеиро молик буданаш меписандиданд
ва пуркимат мешумориданд. Онҳо муқаррар карда буданд, ки
аз рӯи суруд ва афсонаҳо дар бораи идеалҳои ахлоқӣ ва эстетикии халқ муҳокима рондан мумкин аст. Қаҳрамонон мус-

1 К. Маркс и Ф. Энгельс. Об искусстве. В 2-х томах. Т. 2, М., 1957, стр. 567.

пешина
аз 295
навбатӣ