Эҷодиёти даҳонакии халқи тоҷик

Китоби мазкур ба омӯзиши эҷодиёти даҳонакии халқи тоҷик ё худ фолклор бахшида шудааст. Дар он намунаҳои гуногуни жанрҳои шифоҳӣ гирд оварда шуда, хусусиятҳои бадеӣ ва таърихии онҳо таҳлил мешаванд.
Агенти Зеҳнӣ · 16 октябри 2026 · 295 саҳифа
И. С. Брагинский унсурҳои эҷодиёти даҳонакии бадеии аҷдодони халқи тоҷикро, ки дар осори хаттии то охири ҳазорсолаи якуми пеш аз милод ва ҳазорсолаи якуми эраи мо, инчунин дар адабиёти асримиёнагии тоҷик мавқеъ доранд, тадқиқ намуда, ба чунин хулоса омадааст: «Унсурҳои эҷодиёти даҳонакии бадеии халқ дар осори хаттӣ асосан ду хел зоҳир мешавад:
а) чун тенденцияи халқӣ дар асари адабӣ, ки одатан дар шакли тағйирёфтае умеду орзу, ақидаҳо, рӯҳияи халқро ифода карда, ҳақиқатро ҳаққонӣ ва реалистона инъикос менамоянд;
б) чун истифода бурда шудани сюжетҳо, образҳо, воситаҳои тасвири фольклорӣ одатан дар шакли аз ҷиҳати бадеӣ аз нав кор кардашуда».1
Ин ду тарзи зоҳиршавии эҷодиёти даҳонакии халқ дар осори адабии хаттӣ, бешубҳа, ба ҳамдигар алоқаманд буда, дар якҷоягӣ халқият ва миллияти адабиётро ба вуҷуд меорад ва ин масъала яке аз масъалаҳои муҳимтарини адабиётшиносӣ ва фольклоршиносӣ мебошад.
Дар адабиёти советии тоҷик анъанаи муносибат ва таъсири байниҳамдигарии фольклор ва адабиёти бадеӣ идома ва инкишоф дорад. Ин анъанаро, пеш аз ҳама, саромадони адабиёти советии тоҷик С. Айнӣ ва А. Лоҳутӣ эҷодкорона қабул карда, давом додаанд. Дар асарҳои С. Айнӣ «Дохунда», «Ғуломон», «Марги судхӯр», «Ёддоштҳо», «Ятим» ва ғайра зарбулмасал, суруд, латифа, афсонаҳои халқӣ барои ифодаи ғоя, тасвири барҷастаи образ, кушодани характер ва пурқувват сохтани обу ранги бадеии асар ба таври фаровон истифода шудаанд. С. Айнӣ дар «Деви ҳафтсар», «Ҳари бедум», «Бадбӯй будаст» ва А. Лоҳутӣ дар «Достони Мардистон», «Паҳлавон Оштӣ», «Ҳамсафарон», «Кулоҳ ва асал», «Парии бахт», «Шалғамбобо», «Оташи кӯдаксӯзро хомӯш кунем» ва ғайра сюжетҳои фольклориро аз нав кор карда, ғояву мазмуни онҳоро такмил дода, ба проблемаҳои замони имрӯза тобеъ кунонидаанд. Ҳамин навъ эҷодкорона истифода кардани фольклорро дар эҷодиёти Мирзо Турсунзода («Тоҳир ва Зӯҳро»), Мирсаид Миршакар («Қишлоқи тиллоӣ»), Суҳайлӣ Чавҳаризода («Робиии чилгазамӯй»), Муҳаммадҷон Раҳимӣ («Афсонаи Симурғ»), Ғаффор Мирзо («Чилдухтарон», «Достак») ва дигарон низ мушоҳида мекунем.
Дар асарҳои лирикӣ ва ҳаҷвии шоирону нависандагони советии тоҷик оҳангу сабки фольклорӣ мавқеи махсус дорад. Дар рубоиёт, ғазалиёт ва ашъори гуногуншакли А. Лоҳутӣ, М. Турсунзода, Ҳабиб Юсуфӣ, М. Аминзода, М. Миршакар, А. Деҳотӣ, Б. Раҳимзода, М. Раҳимӣ ва дигарон таъсири забон, усули тасвири фольклорӣ намоён аст. Шоир ва нависандае нест, ки эҷодиёти ӯ бо фольклор алоқаманд набошад. Бинобар ин ҳам А. М. Горький дар анҷумани Якуми нависандагони СССР (соли 1934)
1 И. С. Брагинский. Из истории таджикской народной поэзии. М., 1956, стр. 12.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё